Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод мешаванд

Октябрь 2, 2019 09:44

ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  1 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд давраи омӯзишӣ оид ба ҳифзу таблиғи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд оғоз гардид.

Дар ин давра омӯзиши ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мавзеи Фарғона-Сирдарё  ва Роҳи бузурги Абрешим гузаронида мешавад.

Давраи омӯзишии мазкур бо ташаббуси  Дафтари минтақавии ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ гардида, дар он олимони таърихшинос, фарҳангшиносон, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок мекунанд.

Зимни омӯзиш коршиносони байналмилалӣ ба иштирокчиён оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд барои ворид кардан ба рӯйхати ЮНЕСКО маслиҳат ва машварат хоҳанд дод.

Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Суғд вобаста ба ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ду гузаргоҳи Роҳи Абрешим: долони Зарафшон ва долони Фарғона- Сирдарё коргузорӣ ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки давраи омӯзишии мазкур то 4 октябр идома меёбад.

Октябрь 2, 2019 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд