Зайниддин Раҳимов: «Дар Ҷоми ҷаҳон-2019 барои аз гурӯҳ баромадан талош мекунем»

Октябрь 28, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби  наврасони то 17-солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов дар нишасти хабарии пеш аз оғози Ҷоми ҷаҳон-2019 дар Бразилия гуфт, ки дастаи ӯ дар ҳар бозӣ кӯшишу талош хоҳад кард. Дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 дастаи яккачини наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «E» бозӣ мекунад, ки рақибонаш дастаҳои мунтахаби  яккачини наврасони Камерун (28 октябр), Испания (31 октябр) ва Аргентина (3 ноябр) мебошанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, сармураббии дастаи миллии яккачини то 17-солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов дар идомаи суҳбаташ гуфт: «Мо ба Бразилия даҳ рӯз пеш аз бозии аввали худ дар Ҷоми ҷаҳон омадем ва аллакай ба иқлими маҳаллӣ ва тағйироти вақт мутобиқ шудем. Дар мавриди рақибон ҳаминро гуфтаниям, ки гурӯҳи мо яке аз мушкилтарин гурӯҳҳо дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 мебошад. Аргентина ва Испания ба гурӯҳи пуруқувваттарин дастаҳои иштирокчии мусобиқа ё фаворитҳои он мансубанд. Камерун имсол ғолиби чемпионат байни наврасон дар қораи Африқо гардид.

Мо бозиҳои ҳамаи рақибони худро тамошо карда, омӯхтем ва моро бо ҳар яки онҳо рақобати сангин дар пеш аст. Худоро шукр, тамоми бачаҳои мо сиҳату саломат буда, худро ба муборизаи ҷиддӣ омода месозанд. Мо барои баромадан аз гурӯҳ талош хоҳем кард. Бисёр чизҳо аз бозии аввали марҳилаи гурӯҳӣ ба муқобили дастаи  мунтахаби наврасони Камерун вобастагӣ  дорад. Агар мо Ҷоми ҷаҳонро бомуваффақият оғоз кунем, ин ба бачаҳо қувваи иловагӣ медиҳад».

Ҳамчунин капитани дастаи миллии яккачини наврасони то  17-солаи Тоҷикистон Ислом Зоиров дар бораи интизориҳои даста дар Ҷоми ҷаҳон-2019 ибрози назар кард. Ба ақидаи ӯ, дар Ҷоми ҷаҳон-2019 дастаи яккачини наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «E» бозӣ мекунад, ки рақибонаш дастаҳои миллии яккачини наврасони Камерун (28 октябр), Испания (31 октябр) ва Аргентина (3 ноябр) мебошанд. Тамоми бозиҳо бо иштироки дастаи яккачини наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Эстадио Клебер Андраде» дар Кариасик баргузор мешаванд.

Ислом Зоиров дар идома гуфт: «Ҳамаи бачаҳо интизори бозии дебютӣ дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 мебошанд. Барои ҳар як футболбоз дар чунин мусобиқа баромад кардан ифтихори баланд аст. Бачаҳо инро хуб дарк мекунанд ва мехоҳанд Тоҷикистонро дар байни 24 дастаи беҳтарини ҷаҳон хуб муаррифӣ кунанд. Ман хеле мехостам, ки дастаи мо дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 аз гурӯҳ барояд. Рақибони мо дар гурӯҳ дастаҳои хеле қавӣ ҳастанд — Испания нимфиналисти чемпионати Аврупо-2019 мебошад, наврасони Аргентина ва Камерун имсол мутаносибан унвони чемпиони Амрикои Ҷанубӣ ва Африқоро ба даст овардаанд. Мо ҳама рақибони худро эҳтиром мекунем, аммо аз касе наметарсем».

Ёдовар мешавем, ки  27 октябр ҳайати дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон дар шаҳри Виторияи Бразилия охирин тамрини худро пеш аз оғози рақобатҳо дар чемпионати ҷаҳон доир карданд. Агар дар ду рӯзи аввали тайёриҳо ба чемпионати ҷаҳон футболбозони мо дар маҷмааи варзишиву барқарорсозии «АЕРТ»-и Витория тамринҳои худро доир карда бошанд, пас имрӯз охирин машқи хешро дар маркази варзишии «Campo Da Estiva» гузарониданд.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  Зайниддин Раҳимов аз муҳимияти бозии аввал ҳарф зада, ишора кард, ки «барои ба даври баъдӣ баромадан натиҷаи дидори аввал басо муҳим хоҳад буд». Бо дарки ҳамин масъулият футболбозон тӯли 1 соат охирин тайёриҳои худро ба бозӣ бо Камерун аз озмоиш гузарониданд. Зимни он ягон ҷузъиёти кӯчак ҳам аз мадди назар берун намонд.

Дар гӯшаи дигари варзишгоҳ мураббии дарвозабонҳо Асадулло Норов бо ҳамроҳии шогирдонаш Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов ва Муҳриддин Ҳасанов якҷоя тамрин карданд. Муҳриддин, ки дар ҷараёни бозии санҷишӣ бо дастаи «Аудакс» осеб бардошта буд, имрӯз дар баробари ҳамкасбони дигараш дар машқҳо иштирок кард. Ҳамаи 21 футболбози ба ҳайат ҷалбшуда барои иштирок дар бозии аввал бо дастаи Камерун, ки соати 04:00-и 29 октябр бо вақти Тоҷикистон сурат мегирад, омодаанд».

Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон (U-17)

Гурӯҳи «Е». Даври 1-ум

29 октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 04:00-и Душанбе

Тоҷикистон  – Камерун

Сардовар: Ник Уолдрон (Зеландияи Нав).

Ёварони ӯ: Исаак Тревис (Зеландияи Нав), Джереми Гарае (Вануату).

Довари эҳтиётӣ: Иво Мендез (Боливия).

Видеодоварон: Бибиана Штайнхаус (Олмон), Луис Мигел Бранко (Португалия).

Бразилия. Кариасика, варзишгоҳи «Klеber Andrade»

Октябрь 28, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ-2025 иштирок менамоянд
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқа се медал ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Макао бозӣ мекунад
Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ оид ба теннис дар Душанбе идома дорад
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад
«Регар-ТадАЗ» бори ҳаштум барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол шуд
Имрӯз бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад
«Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов» баъд аз таъмири куллӣ ба истифода дода шуд
Пагоҳ бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад
Ҷудочии тоҷик Рошид Неъматов дар Чемпионати Осиё байни наврасон медали тилло ба даст овард
Шамшербозони навраси тоҷик нахустин маротиба дар Ҷоми Осиё соҳиби медали биринҷӣ шуданд
Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло гардид