ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Лахш 173 иншооти таъйиноташон гуногун бунёд мешаванд

Ноябрь 25, 2019 13:56

ЛАХШ, 25.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  53  деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳияи Лахш   173 адад бинову иншооти таъйиноташон  гуногун  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 76 иншоот  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони 50 иншоот идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар 47 адад иншоот шурӯъ нашуда,  тибқи  нақша солҳои 2020-2021 пешбинӣ гардидаанд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати сари вақт ва босифат сохтану мавриди истифодаи сокинон қарор додани иншооти иҷтимоии банақшагирифташуда таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид. То имрӯз як зумра чунин иншоот, аз ҷумла 4 синфхонаи  иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти асосии умумии маҳаллаи Калтабулоқ, бинои нави Маркази пешгирии касалиҳои сил дар маркази ноҳия, бинои таълимии филиали Коллеҷи тиббӣ дар маркази ноҳия, шабакаи равшаннамоии кӯчаҳои маркази ноҳия, нуқтаи хатнаи кӯдакон дар назди маркази саломатии ноҳия, бозори замонавӣ дар маркази ноҳия, майдончаи хурди варзишӣ ва майдончаи бозии кӯдакон дар маркази ноҳия, ҳаммоми замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти Пилдон ва корхонаҳои истеҳсоли дару тиреза, сафолаки роҳравсозӣ дар сатҳи баланд  ба истифода дода шуданд.

Ҳамзамон дар ноҳия хатҳои барқ ва хатти иловагии оби нӯшокӣ барои таъмини беморхонаи марказӣ гузаронида шуда, варзишгоҳи марказӣ, ҳаммом ва бинои дуюми беморхонаи минтақавии Пилдон таҷдид ва барқарор гардиданд.

Масъулини ноҳия иброз доштанд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳалталаб то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба як зумра  вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии омӯзгории ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия равона намудани омӯзгорони фанни забонӣ давлатӣ, мусоидат намудан баҳри навсозии биноҳои муассисаи таълимии №56, таъмиру навсозии бинои маъмурии шуъбаи маориф,  навсозии биноҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва №13, инчунин зиёд намудани теъдоди квотаҳои Президентӣ барои хонандагони ноҳияи Лахш ҷиҳати дохил гардидан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактубҳои дархостӣ пешниҳод карда шудаанд.

Ҳамчунин мактубҳои дархостӣ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ, ба Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» дар бораи ҳолати воқеии бинои фарсудагардидаи кинотеатри маркази ноҳия бо мақсади дар ҷойи он бунёд намудани қасри фарҳанг, ки ноҳия ба доштани чунин муассисаи фарҳангӣ ниёзманд мебошад,  пешниҳод карда шуданд.

Ноябрь 25, 2019 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ