Амалиёти «Пиёдагард»: дар Душанбе 1570 нафар роҳгузарон барои вайрон кардани қоидаҳои роҳ ҷарима шуданд

Ноябрь 21, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Аз  11 то 21  ноябр   аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди  пойтахт  амалиёти «Пиёдагард» гузаронида шуд. Давоми 8 рӯз, яъне аз 11 то 18 ноябр  дар натиҷаи гузаронидани ин амалиёт  нисбат ба  1570  нафар пиёдагардон барои вайрон намудани  талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»,   ба мисли   гузаштан  аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ,  тибқи талаботи моддаи 340 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи қоидавайронкунӣ бо истифода аз баргаҳои ҷаримавӣ ба андозаи 6 сомонию 88 дирам ҷарима шуданд.

Тавре  аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  амалиёти мазкур  бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан пиёдагардон дар кӯчаву роҳҳои  мошингарди пойтахт, коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки  онҳо дар ҳудуди пойтахт  гузаронида мешавад.

«Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби нобаробар будани нишондодҳои асосии суръати ҳаракати пиёдагардон дар кӯчаву роҳҳо, дар ҷойҳои муайянгардида – истгоҳҳо  интизори воситаҳои нақлиёти мусофиркаш  нагаштани онҳо,  якбора давида баромадан ба қисми мошингарди роҳ, истифода набурдан аз гузаргоҳҳои зеризаминию рӯизаминӣ сабабгори афзоиши босуръати зеркунии пиёдагардон   гардидааст», — афзуд манбаъ.

Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои  зарурӣ  дар ин ҷода ҳанӯз ҳам  дар ҷумҳурӣ  масъалаи  дар натиҷаи садамаҳои нохуши нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок гардидани шаҳрвандон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Тибқи иттилои масъулини соҳа, аз аввали сол то  моҳи ноябр дар роҳҳои мошингарди  ҷумҳурӣ 107 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 317 нафар ба ҳалокат расида, 1100 нафари  дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ҳарчанд ин нишондод  мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта  коҳиш ёфтааст, аммо ин масъала  ҳанӯз ҳам ташвишовар   аст.

Соли гузашта 181  садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он  329  нафар ҳалок шуда,  1134  каси дигар  маҷрӯҳ гардида  буданд.

Дар ин зимн, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват ба амал меоварад, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо  қоидаҳои ҳаракат дар онро  риоя намоянд, роҳҳои мошингардро аз ҷойҳои муқарраршуда,  аз гузарҳои зеризаминию рӯизаминӣ гузашта,  ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

               Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад