Ҳамкории минбаъдаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо шаҳри Аомории Япония баррасӣ гардид

Ноябрь 21, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ҳайати намояндагони Ҳукумати шаҳри Аомории Япония, ки бо роҳбарии мудири Бахши рушди дастаи мунтахаби олимпӣ ва паралимпӣ, рушди варзиш дар маҳал ва масъалаҳои иқтисодии шаҳр ҷаноби Шинйа Ойама бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аҳтам Абдуллозода меҳмононро ба Кумитаи миллии олимпӣ хайрамақдам гуфта, ба ҷониби шаҳри Аоморӣ барои қабул ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷамъомади машқӣ-таълимии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон қабл аз Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Токио миннатдорӣ баён намуд.

Зикр шуд, ки тамринҳо дар Аоморӣ ба варзишгарони мо кумак карданд ва онҳо дар Чемпионати ҷаҳон маҳорати баланд нишон доданд. Варзишгари маъруфи мо Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран Прии Тошканд ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.

Шинйа Ойама дар навбати худ ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои интихоби шаҳри Аомориро ҳамчун шаҳри мизбон барои варзишгарони тоҷик қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 ташаккур гуфта, иброз намуд, ки барои тамрини дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон қабл аз Бозиҳои олимпии Токио тамоми шароитро муҳайё мекунанд.

Ҷонибҳо дар идома масъалаҳои ҳамкорӣ дар соли 2020 ва расонидани кумаки техникии шаҳри Аоморӣ ба дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Пас аз мулоқот меҳмонон осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро тамошо карда, бо дастоварди варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ шинос гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Аомории Япония қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 мизбони Тоҷикистон таъйин шудааст. 5 октябри соли 2018 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Япония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

 

АКС АЗ КМОТ

Ноябрь 21, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад