Қариб 80 фоизи деҳоти ноҳияи Дарвоз бо оби нӯшиданӣ таъмин гардидаанд
ХОРУҒ, 11.11.2019 /АМИТ«Ховар»/. Сокинони деҳаи Даштаки ҷамоати Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз пас аз чанд соли интизорӣ соҳиби оби поки нӯшиданӣ гардиданд.
Ба гуфтаи раиси ҷамоати деҳоти мазкур Шаҳригул Бодурова, қаблан сокинони деҳа аз оби як чашмаи кӯҳӣ истифода мекарданд, ки талаботи аз нисф камтари онҳоро қонеъ мекард. Дар деҳоти атроф ҳам захираи об мавҷуд набуд. Ягона деҳа, ки захираи фаровони оби ошомиданӣ дорад, ин деҳаи Зев аст, ки дар масофаи 14 километр дур ҷойгир аст. Бинобар ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи барои ҳалли ин масъала ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд. Бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Барномаи рушди манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур 730 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба уҳдаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Румайсо» гузошта шуд. Барои зудтар ба охир расондани хати интиқоли об худи сокинони деҳа низ ба коргарон кумак расониданд.
Ба гуфтаи раиси ҷамоати деҳот, барои сарфакорона истифода бурдани оби ошомиданӣ дар манзили сокинони деҳа ҳисобкунакҳо васл карданд. Маблағе, ки ба даст меояд, барои таъмиру тармими ҳавзи нигоҳдории об ва шабакаҳои обрасонӣ сарф мешавад. Зеро сокинони он деҳоте, ки ҳисобкунак надоштанд, ҳангоми таъмиру тармим бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Баъди ҳар як садама дар қубурҳои обгузар ё худ ҳавзи нигоҳдории об бо сабаби надоштани маблағи кофӣ як ё ду моҳ мардум бе об мемонданд. Аммо он деҳоте, ки ҳисобкунаки об доранд, аз суратҳисоби худ маблағи заруриро гирифта, дар зудтарин фурсат мушкилашонро ҳал мекунанд.
Айни ҳол қариб 80 фоизи деҳоти ин ноҳия бо оби поки нӯшиданӣ таъмин мебошанд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






