Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 15 маркази саломатӣ ва 18 бунгоҳи тиббӣ кумаки аввалини тиббию санитарӣ мерасонанд
ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шуъбаҳои занона, таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ, кӯдакона ва шуъбаи бемориҳои даруна амал мекунанд.
Сартабиби Беморхонаи марказии ноҳия Аҳмадхон Дӯстов зимни суҳбат изҳор дошт, ки беморхонаи маркази ноҳия аз солҳои шӯравӣ фаъолият дорад. Он ду сол боз тариқи барномаи кафолати давлатӣ амал намуда, ба шаҳрвандони камбизоат ройгон хизмати тиббӣ мерасонад.
Ҳоло дар беморхона 28 духтури дорои маълумоти олӣ фаъолият мекунанд. Дар самти кумаки аввалини тиббию санитарӣ 15 маркази саломатӣ ва 18 адад бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд. Инчунин беморхона дорои 123 кат буда, феълан дар он 25 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Соли 2020 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки рушди Осиё дар ноҳияи Ш. Шоҳин сохтмони бинои нави беморхонаи маркази ноҳия оғоз мегардад. Бинои мазкур то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Айни замон дар ноҳияи Ш. Шоҳин 50 нафар духтурони маълумоти олидор намерасанд.
Дар беморхонаи марказии ноҳия 2 мошини ёрии таъҷилӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Дар 9 моҳи сипаригардида 726 таваллуди кӯдак ба қайд гирифта шудааст.
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ш.Шоҳин дар баробари дигар иншоот бунёди 10 бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатӣ дар назар дошта шудааст.








Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад






