Дар шаҳри Бохтар машғулиятҳо барои омӯзгорону устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 26.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» барои омӯзгорону устоҳои таълимӣ-истеҳсолии литсейҳои ба лоиҳаи мазкур фарогирифташуда дар мавзӯи «Методологияи таълим дар асоси салоҳият» як зумра машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Ин машғулиятҳои омӯзишӣ 18 ноябр оғоз гардида, то охири ҳамин моҳ идома меёбанд.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин машғулиятҳо аз ҷониби мутахассисони лоиҳаи зикршуда, аз ҷумла Мунира Иноятова, Сангин Бобоев, Ҳотамшо Пириев, Абдулмаҷид Бобохонов ва Олимҷон Насриддинов барои беш аз 180 нафар омӯзгорон гузаронида мешаванд.
Дар ҷараёни ин машғулиятҳо ба иштирокдорон мақсад ва барномаҳои лоиҳа, шарикии соҳавӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ ва омӯзиш, методологияи навоварии таълим дар асоси салоҳият, талаботи имрӯзаи таълимгирандагон, ҳамкории таълимгоҳҳо бо корфармоён, стандарти салоҳият, методикаи таҳияи стандарти салоҳият, таҳлили функсионалии касбҳо ва таҳияи харитаи функсионалӣ, инчунин дигар мавзӯҳои ба соҳа марбутдошта омӯзонида мешаванд.
Дар ҷараёни омӯзиш иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Сохтори стандарти салоҳияти ҳар як касби коргар», «Таҳлили функсионалии касбҳо ва таҳияи харитаи функсионалӣ» ва «Методологияи таҳияи стандарти салоҳияти кас» корҳои гурӯҳӣ анҷом медиҳанд.
Хотиррасон мешавем, ки чунин машғулиятҳо барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои ҳадафии лоиҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд гузаронида шуда буданд. То имрӯз харитаҳои функсионалии 17 касби коргарӣ таҳия ва дар асоси онҳо стандартҳои салоҳияти 12 касб таҳия шудаанд. Айни замон таҳияи 5 стандарти дигар идома дорад. Стандартҳои таҳиягардида аз ташхиси корфармоён гузаштанд ва доир ба онҳо хулосаи вазорату идораҳои соҳавӣ гирифта шудааст. Баъдан аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои салоҳияти касбҳо тасдиқ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки раванди таҳияи барнома, маводи таълимӣ ва асбоби баҳодиҳӣ дар асоси стандартҳои салоҳияти тасдиқгардидаи 17 касби коргарӣ оғоз гардидааст, ки барои омода кардани мутахассисони рақобатпазир ва ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мусоидат хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, методӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои марказҳои таълими калонсолон ва литсейҳои касбии техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин восита омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.
Амалигардонии Лоиҳа ба дӯши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа фаъолият дорад.








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






