Донишҷӯёни тоҷики шаҳри Брянск бо дониши аъло ва рафтори намунавӣ миллатро муаррифӣ менамоянд

Ноябрь 19, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2019/ АМИТ «Ховар»/. Дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Брянски вилояти Брянски Федератсияи Россия 150 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. Инчунин дар Брянск Созмони ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон (МОСТ) фаъолият мекунад, ки Зарина Олимова роҳбари он мебошад.  Донишҷӯёни тоҷик Саидасрор Юсуфов, Усмон Салимов, Юнус Комилов, Алиҷон Шерхонов дар  намудҳои гӯштини самбою дзюдо ва футбол на танҳо шарафи Донишгоҳи давлатии техникии Брянск (ДДТБ), балки шаҳр ва вилояти Брянскро ҳимоя мекунанд. Донишҷӯи соли чоруми факултети техникаю  информатикаи ДДТБ Мирҳазор Саидов дар ҳашт мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  вазнбардорӣ ширкат варзида, меъёри Устоди варзиши Федератсияи Россияро ба ҷо овардааст. Ӯ 82 кило вазн дошта, зимни мусобиқот 245 килоро бардоштааст. Маъмурияти донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки Мирҳазор Саидовро дар лавҳаи «Гӯшаи фахрӣ» ҷой диҳанд.

Дар ин бора ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» сармуҳаррири  рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев, ки айни ҳол бо мақсади инъикоси вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Россия қарор дорад, иттилоъ дод.

Тавре роҳбари  Созмони ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон дар Брянск  Зарина Олимова  зимни суҳбат  ба хабарнигори тоҷик иброз намуд, «ҳадаф аз таъсиси созмон сарҷамъу муттаҳид намудани ҷавонону донишҷӯёни тоҷик буда,  он бо мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Совети шаҳри Брянск ҳамкорӣ дошта, бисёр чорабиниҳоро муштарак доир менамоянд».

— Моҳи марти соли равон бо мусоидати маъмурияти ноҳияи Совет бори аввал Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд ҷашн гирифтем. Намояндагони ҷамъияти ӯзбекҳо барои  дастурхони идона оши палов пухтанд. Дигар нуқлу наворо бо маҳсулоти аз Тоҷикистон оварда тайёр кардем. Ғизоҳои хушлаззат, либосҳои миллӣ ва рақсу таронаҳои тоҷикӣ он қадар ба меҳмонони ҷашн писанд омад, ки доимо боз кай баргузор шудани чорабиниро пурсон мешаванд, —  иброз намудааст Зарина Олимова.

Ба гуфти бисёре аз ҳамватонон, сардори шуъбаи ташкилии маъмурияти ноҳияи Совети шаҳри Брянск  Владимир Меркушин, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳафт  сол дар Тоҷикистон фаъолият доштааст, ҷавонони донишҷӯи  мамлакатро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунад.

— Мо бо ҳама ҷамъиятҳо ҳамкорӣ дорем. Ҳарчанд то ҳол ҷамъияти  тоҷикон ташкил нашудааст, аммо дар муддати кӯтоҳ донишҷӯёни тоҷик тавонистанд миллати худро муаррифӣ намоянд. Зеро аксарият дониши кофӣ дошта, ботарбияанд ва ҷаҳонбинии васеъ доранд.  Бисёре аз онҳо боз ба варзиш машғуланд, — мегӯяд Владимир Меркушин.

ДДТБ соли ҷорӣ 90-сола шуд. Қисми зиёди донишҷӯёни тоҷик маҳз дар он таҳсил мекунанд. Маъмурияти донишгоҳ толибилмонро  бо хобгоҳ таъмин намудааст.

«Вақте ба хобгоҳи донишгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Институтская 1 омадем, моро коменданти он, бонуи ҳалиму меҳрубон Анна Качен бо шароити  будубоши толибилмон  шинос кард. Ҳуҷраҳо гарм ва тозаю озода буда, тартибу интизом низ қатъӣ риоя мешавад. Донишҷӯёни тоҷик Хуршед Додоҷонов, Ҳалимҷон Аминов ва Маҳмадсаид Шарифов аз шароити хобгоҳ изҳори қаноатмандӣ карданд»,-  иброз намуд С.Асоев.

-Донишҷӯёнро мисли фарзандонам дӯст медорам ва ҳар кадоме аз онҳоро ҳатто надида, аз садояшон мешиносам, — лутфомез гуфт Анна Евгеневна.

Дар шаҳри Брянск чанд тан аз тоҷирони тоҷик ба фурӯши хушкмева машғуланд. Қисми дигар ба пазандагиву ронандагӣ  шуғл меварзанд. Рӯзҳое, ки мо дар он ҷо будем, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Русмостранс» (роҳбараш соҳибкори муваффақи тоҷик Фирдавс Наимов) ба донишҷӯёни тоҷики шаҳри Брянск  ашёи хониш тақдим намуд. Ҳиммати баланди чунин ҷавонмардони саховатманд ва фаъол будани донишҷӯёни тоҷикро дида, моро эҳсоси ифтихор аз ҳамватанон фаро гирифт. Боварӣ дорем, ки ин гуна ашхоси фаъолу ватандӯст ҳамеша сабаби сарбаландии миллат  мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки вилояти Брянск  дар қисмати ғарбии шаҳри Москва, дар марзи Украинаю Беларус ҷойгир буда, аз ҷиҳати истеҳсоли картошка дар Федератсияи Россия ҷойи якум ва аз лиҳози истеҳсоли ғалла мақоми чорумро ишғол мекунад. Маркази он шаҳри Брянск буда, соли 985 таъсис ёфта, 404 793 нафар аҳолӣ дорад.

Ноябрь 19, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд