Хонандагони вилояти Суғд дар озмуни ҷаҳонии «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Ноябрь 15, 2019 08:48

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони навраси вилояти Суғд дар озмуни ​ ҷаҳонии «Роботтехника» иштирок намуда, дар  бахши «Стратегия» ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бори нахуст дастаи хонандагони болаёқат, аз ҷумла хонандаи Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд Парвиз Очилзода, хонандаи МТҒ «Ирфон»-и шаҳри Хуҷанд Нафиса Қобилзода, хонандаи муассисаи таълимии «Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон» Манучеҳр Набиев  таҳти роҳбарии ​ директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов  ҷиҳати иштирок дар озмуни байналмилалӣ ​ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сафар намуда, ҳунару маҳорати худро дар бахшҳои «Робот-инжинеринг» ва «Стратегия»  нишон доданд.

Озмуни  ​ ҷаҳонии «Роботтехника»  тайи 4 рӯз дар маҷмааи фарҳангӣ-варзишии «Фестивал Арена Дубай» доир гардида, дар он намояндагони ​ 197 мамлакат иштирок намуданд. ​ Озмуни ​ мазкур  аз рӯи шаш бахш баргузор гардида, дастаи хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои «Робот-инжинеринг» ва «Стратегия» ширкат варзида, роботи сохтаи худро, ки дорои 16 амалиёт мебошад, муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши «Стратегия» сазовори ҷойи дуюм гардида, дар бахши «Робот — инжинеринг» бо ифтихорномаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуд.

Муваффақияти дигари дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин ба узвияти комилҳуқуқи олимпиадаи ҷаҳонии «First global» шомил шудани он мебошад. Ин амр имкон медиҳад ҳамасола дастаи хонандагони болаёқати мо дар тамоми озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ин созмони бонуфузи амрикоӣ созмон меёбад, бевосита иштирок намуда, шарафи давлатро ҳимоя намояд.

Дар ҷамъбасти озмун тамоми ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ даъват гардида, ​ аз ҷониби намояндаи Тоҷикистон бо ширкатҳои бонуфузи сохтмонии дунё «Эмар»-и шаҳри Дубай ва «The first group»-и Британияи Кабир дар самти пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмонии биноҳо қарордод ба тавсиб расид. Минбаъд дар асоси ин қарордод хонандагони болаёқати вилояти Суғд намои тарҳи биноҳо ва лоиҳаҳои сохтмониро муаррифӣ менамоянд. Дар сурати қабул шудани лоиҳаҳои мазкур онҳо аз ҷониби ин ду ширкати бонуфуз харидорӣ хоҳанд шуд.

Дар доираи олимпиадаи ҷаҳонӣ форуми дӯстии халқҳои олам баргузор шуда, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Беларус, Қазоқистон, Япония, Германия, Британияи Кабир, Малайзия, Таиланд, Франсия, Россия, Ӯзбекистон, Гана, Африқои Ҷанубӣ, Австралия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико музокира намуданд. Инчунин доир ба ҳамкории минбаъда бо ин кишварҳои олам дар соҳаи техника ва технология гуфтушунидҳо доир карданд.

Ноябрь 15, 2019 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд