Кумитаи кор бо занон ва оила конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор менамояд
ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 ноябр бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» дар мавзӯи «Мустаҳкамии оила-асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд» Конференсияи амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур баррасии масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо назардошти хусусиятҳои замони муосир, оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таъмини пойдории оила, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оиладорӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили зӯроварию шиканҷа, терроризму ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, майзадагӣ, худкушӣ, касалиҳои ВНМО, сил ва дигар масоили таъсиррасон ба муносибатҳои аъзои оила, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мебошад.
Дар назар аст, ки Конференсияи амалии ҷумҳуриявӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» баргузор гардад.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






