Қиёмиддин Миралиён: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар ва сарҷамъкунандаи миллат мешиносанд»
ДУШАНБЕ, 15.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар мавзӯи «Садоқат ба Президент-садоқат ба миллат» ҷамъомад доир шуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷамъомад вакили мардумӣ Қиёмиддин Мирализода сухан гуфта, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди давлатдории тоҷикон баланд арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Бояд гуфт, ки 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
«Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардид», — иброз дошт Қиёмиддин Миралиён.
Вакили мардумӣ зикр намуд, ки мақсад аз рӯзи ид муаӣян гардидани 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бо мароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадманде мебошанд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофи худ муттаҳид, дар қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд», — афзуд Қиёмиддин Миралиён.
Зикр шуд, ки Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои мардум, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохтаанд ва эътироф намудаанд.
Иштирокдорон аз намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар китобхонаи Маҷлиси намояндагон ташкил гардида буд, дидан намуданд.








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Москва иштирок намуд
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбул иштирок намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд






