Ниёгони тоҷикон ҳазорсолаҳо таҳти Парчам Ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд

Ноябрь 23, 2019 09:34

ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами миллӣ-рамзи давлатдорӣ» ҳамоиши бошукӯҳ доир гардид.

Дар нишаст мутахассисону муҳаққиқон аз Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик,  намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, бо ишора ба таърихи парчами миллӣ ба ҷавонон муроҷиат намуд, ки ифтихори ватандорӣ, қабл аз ҳама, аз эҳтироми муқаддасоти миллӣ шуруъ мешавад.

Мавсуф иброз намуд, ки мафҳумҳои парчам, байрақ, ливо, дирафш, пеш аз ҳама, рамзи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, дарку ҳифзи арзишҳои миллии ҳазорсолаҳо шаклгирифта ва ҳуқуқи маънавии мардум барои соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошанд.

Зикр гардид, ки гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд ва он парчам рамзи як давлати неруманди замон ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз дирафши Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо алайҳи зулму истибдод ва барои истиқлолу озодӣ мебошад. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии мардуми куҳантамаддуни мост. Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд.

Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ  дар бораи  таърихи пайдоиши парчами халқи тоҷик ва интихоби рангҳои парчам иброз дошт, ки «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафт. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамбардорони нахустини мардуми мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедодӣ ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст».

Ноябрь 23, 2019 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд