«Президенти ман», «Динро воситаи амалҳои нопок набояд сохт», «Мағзҳо тарҳрезӣ шудаанд, на террор», — шарҳи матбуоти даврӣ

Ноябрь 14, 2019 16:35

ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта хабару гузоришҳо  аз  сафари расмии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия, ки аз 4 то 12 ноябр  сурат гирифт,  дар сархати расонаҳои даврии ҷумҳурӣ  қарор дошт.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (11.11.2019, №211)   гузориш таҳти сарлавҳаи «Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия»   ба   нашр  расидааст.  Дар гузориши мазкур, аз ҷумла  омадааст: «8 ноябри соли 2019 сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид. Нахуст Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон меҳмони олимақом, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайра мақдам гуфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимӣ ва пазироии хосса ба ҷониби Франсия изҳори сипос карда, қаноатмандии худро аз робитаҳои Тоҷикистону Франсия, ки дар рӯҳияи эҳтирому назардошти манофеи миллии ду кишвар мунтазам густариш меёбанд, иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки иқдомҳои созандаи Франсия дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, ҳамрадифи манофеи Тоҷикистон мебошанд».

Дар  гузориши мазкур ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки дар маҷмӯъ, дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Франсия 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба Рӯзи милитсия  таҳти унвони «Милитсия — ҳомии боэътимоди халқу Ватан» мақолаи муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Икром Умарзода  рӯи чоп омадааст.

Икром Умарзода  дар ин матлаб, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Афзудани эътимоду боварии мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва робитаи бештари онҳо бо милитсия аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгари ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бештару беҳтар менамоянд. Ин дар ҳолест, ки ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад».

Дар  шумораи навбатии нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№136 аз 12.11.2019)   дар баробари хабару гузоришҳои расмӣ, мақолаҳои таҳлилӣ таҳти сарлавҳаҳои «Динро воситаи амалҳои нопок набояд сохт», «Озмоишгоҳи миллии рефенсӣ. Падидаи нав дар хизматрасонии тиббӣ»  ва ба ифтихори 90-солагии  театри тоҷик «Мителман  ва саҳми ӯ дар рушди театри тоҷик»  ба нашр расидаанд. Муаллифи мақолаи  «Динро воситаи амалҳои нопок набояд сохт»  декани факултети иқтисодии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, профессор М. Файзуллоев   зикр кардааст, ки нақши динро ҳамчун омили ҳамгироии ҷамъият, дастгирикунандаю ҳифзкунандаи тамомияту устувории он борҳо таърих собит сохтааст. «Мутаассифона, тавассути дин баъзе қувваҳо мекӯшанд дар ҷамъият тафриқа андохта, оромиро халалдор намоянд. Бо вуҷуди он дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати мамлакат  дар самти таъмини озодии виҷдон корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Чунончи, Донишкадаи исломӣ ифтитоҳ гардид. Илова бар ин, шумораи масҷидҳое, ки дар Тоҷикистон сохта шуд, аз масҷидҳои сохташудаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ зиёд мебошад. Ҳоло калонтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе сохта шуда, ба наздикӣ ба истифода дода мешавад. Мутаассифона, нотавонбиноне ҳастанд, ки корҳои анҷомшударо ба назар намегиранд, балки нисбат ба ҳукумат туҳмату норозигӣ баён мекунанд. Онҳо динро суиистифода бурда, ҳизбу ҳаракатҳо ташкил менамоянд ва ба ин восита мехоҳанд мақсадҳои ғаразноку нопокашонро баҳри ба даст овардани ҳокимият истифода баранд. Барои амалишавии ниятҳои ифлосашон аз ягон роҳу усул рӯй намегардонанд, ҳатто аз даҳшатафканӣ»,-чунин ибрози андеша намудааст профессор.

М. Файзуллоев   дар хулосаи матлабаш  таъкид менамояд, ки «танҳо дар сурати бетараф набудан, пурзӯр намудани кӯшишҳои зиёиён, намояндагони созмонҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ, қавм ва мазҳабҳо, бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, васеъ намудани чорабиниҳои иттилоотӣ -тарғиботӣ ва дар ниҳоди шаҳрвандон бедор намудани ҳисси оштинопазир ба тамоюли экстремизм ва терроризм метавон қотеъона истодагарӣ намуд».

Шумораи навбатии нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (13.11.2019, №47)   ба Рӯзи Президент бахшида шудааст. Сараввал дар шумора мавод оид ба  сафари расмии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия чоп шудаанд.

«Быть Лидером нации – это миссия Эмомали Рахмона», «Народный Президент», «Эмомали Рахмон – человек, который полностью посвятил себя нации», «Историческая значимость 16-ой сессии Верховного Совета в формировании современной таджикской государственности»  аз ҷумлаи матолиби дигари ин шумора аст, ки «Народная газета» онҳоро  ба Рӯзи Президент бахшидаааст.

Инчунин маводро  бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик – «Верен долгу и присяге»,  «Новое здание Милицейского колледжа в Кулябе» ва ба Рӯзи театри тоҷик «В республики отметили День таджикского театра»  пешкаши  хонандагон  намудааст.

Дар шумораи навбатии   Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№46 аз 13.11.19)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «Душанбе: омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ», «Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ», «Президенти ман», «Илм дар пешорӯи буҳрон», «Ливои дӯстӣ»,  «Мағзҳо тарҳрезӣ шудаанд, на террор», «Қатли ҷонсӯзи рӯзноманигори  «ҳақсӯз», «Ӯ нобиға буд», «Ғизои солим»  ва ғайраҳо.

Мақолаи «Президенти ман» эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аст ва дар он  аз хидматҳои беназири  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу миллати тоҷик ёдоварӣ шудааст.  Муаллифи ин мақола  рӯзноманигори  нашрияи «Минбари халқ»  Ҳуринисо Ализода, аз ҷумла дар зерсарлавҳаи мақолааш, ки «Чеҳраи фарҳангӣ» унвон шудааст, чунин нигоштааст: «Чеҳраи фарҳангии ӯ аз завқи  маънавияш ҳувайдост. Вақте ки ӯ соли 2011 калонтарин Китобхонаи миллиро дар Осиёи Миёна дар дили пойтахт кушод, душманонаш мегуфтанд, мардум гушнаву бекор асту ӯ китобхона месозад. Вале ӯ медонист, ки рӯзе мерасад,  мардум сер мешаванд, аммо ин маркази фарҳангии миллӣ асрҳо дар хидмати халқ хоҳад монд. Тарҳи Осорхонаи миллӣ, ки бо вижагиҳои хеш чун як дастагули ошноӣ барои хориҷиён дар идомаи боғшаҳри маркази пойтахт рустааст, ифтихори моро аз гузашта, имрӯза ва фардоямон дарак додаву таърихамонро маҳфуз хоҳад дошт. Бунёди калонтарин театр ва тармиму бозсозии театрҳои дигар, сохтани қасрҳои фарҳангии муосир қариб дар тамоми навоҳии мамлакат, барои рушди фарҳангии мардум садсолаҳо хидмат хоҳад кард».

Ҳ.Ализода ҳамчунин аз дигар дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди «Кохи Наврӯз» ёдовар шуда, зикр кардааст, ки «агар ӯ завқи хосаи фарҳангӣ намедошт, ин ҳама зебоипарастиҳо, ки на танҳо шаҳри Душанбе, балки ҳар як ноҳияи дурдасти кӯҳистонро ҳам соат ба соат зеботару муосиртар  месозанд, магар сутуданӣ нест?» ва дар хамин ҷо боз мегӯяд: «Бозгашт ба фарҳанги ниёгон дар заминаи фарҳанги муосир ва тавъам рушд додани онҳо мақсадҳои бузурги ӯст, ки ба хотири чун миллати соҳибтамаддун шинохтани тоҷикон буд, ҳаст ва мемонад».

Дар шумораи нави нашрияи «Мароми пойтахт» ( №42, 13. 11. 2019) хабару гузоришҳо  аз ҷараёни сафари Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария, Ҷумҳурии Фаронса ва иштироки Сарвари  давлат дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО  рӯи чоп омадаанд.

Вобаста ба Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки ҳамасола 16  ноябр  таҷлил  карда мешавад, мақолаи таҳлилӣ  бо номи  «Президент – сардафтари даврони навини Тоҷикистон» нашр шудааст.

Муаллифони мақолаи мазкур коршиносон  Муҳаммаддовуд Саломиён ва Ҳақназар Каримзода зимни ибрози назар  зикр намудаанд, ки тамоми ҷаҳду талош ва кӯшишу заҳматҳои Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқло­лии ҷумҳурӣ  заминаи  он  гардид,  ки  Тоҷикистон дар низоми сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати  ободу осоишта ва сулҳ­хоҳу адолатпарвар, демокра­тию дунявӣ ва дорои низоми амнияти босуботу ором шинохта ва эътироф гардад. Рушди рӯзафзуни иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рӯ ба беҳбудӣ овардани зиндагию рўзгори пурнишоти мардум маҳз тавассути сиёса­ти оқилонаю инсонпарваронаи фарзанди фарзона ва баргузи­даи миллати тоҷик, Президен­ти маҳбуби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам ома­дааст. Дар ин росто, метавон ин шахсияти бузурги сиёсиву таърихиро сардафтари дав­рони навини Тоҷикистон номид».

Дар саҳифаҳои баъдии ҳафтаномаи «Мароми пойтахт» гузориш аз ҷараёни Конференсияи XVIII  ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи шаҳрии Ҳизби Халқии  Демократии   Тоҷикистон манзури хонандагон шудааст. Дар гузориши мазкур, аз ҷумла иттилоъ дода шудааст, ки давоми дувуним сол 146 ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуда, 7506 нафар дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба сафи ҳизб қабул гардидаанд. Айни ҳол шумораи умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба 873 адад расида, 68384 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид  сохтааст. Аз ин шумора  32282 нафарро занон ва 28829 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

«Бунёди 5626 оилаи нав  давоми 9 моҳи соли равон дар Душанбе»- чунин сарлавҳа дорад  мусоҳибаи   хабарнигори нашрия, ки  бо сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода  рӯи чоп  омадааст. Ҳамзамон дар ин шумора «Мароми пойтахт» ба   хонандагони нашрия  матлабҳои дигари ҷолибу хонданбоб пешниҳод намудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2019 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид