РАСИДАГӢ БА МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН – ДАР МАДДИ АВВАЛ. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо иштироки ҳайати Равзанаи ягона Рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо иштироки ҳайати Равзанаи ягона дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ Рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Мавриди зикр аст, ки 29 нафар шаҳрвандон ба шаҳрдори Ҳисор ҷиҳати ҳалли масъалаҳо оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмиру тармими роҳҳо, баҳсҳои оилавӣ ва дигар масоили мавҷуда муроҷиат карданд.
Шарифҷон Ҷумъазода аз қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуда, зикр дошт, ки дар Ҳисор, хусусан дар деҳот ҳанӯз масъалаю муаммоҳои ҳалталаб зиёданд ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар самти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон ба беҳбудӣ ниёз дорад.
Дар ин замина ба роҳбарияти шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастур дода шуд, ки ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд. «Расидагӣ ба муроҷиати шаҳрвандони бояд дар авлавияти фаъолияти роҳбарони идораю муассисаҳои шаҳр бошад», — гуфт Раиси шаҳри Ҳисор ва таъкид дошт, ки эътибор ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ба масъулин бобати ҳалли саривақтии муроҷиатҳо як моҳ муҳлат дода шуд.
Сипас раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода аз рафти бунёди иншооти ҷашнӣ, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, хизматрасонии тиббӣ, истифодаи оқилонаи замин, вазъи роҳҳо ва омодагии хоҷагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон дидан намуда, баъдан бо фаъолони ҷамоат мулоқот баргузор намуд ва бори дигар вазъи фаъолият, иҷрои нақшаҳои соҳавӣ ва дурнамои ояндаи амалро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи Равзанаи ягона аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.
Хотиррасон менамоем, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар сароосари мамлакат тибқи дастури Сарвари давлат ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба роҳ монда шудааст.













Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






