Ғалабаи паиҳами футболбоздухтарони Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2019

Ноябрь 27, 2019 09:27

ДУШАНБЕ, 27.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ва Ҳисор баргузор шуд, ғалабаи дуввум ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар даври навбатӣ футболбозони тоҷик бо дастаи миллии Туркманистон вохӯрд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи мо бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро дар нимаи аввали бозӣ Некубахт Худододова ва Рафина Нормуродова заданд.

Дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон дар рӯзи чоруми бозии асосии Чемпионати CAFA-2019 вохӯрданд. Дар ин рақобати шадид  футболбозони Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар бозии навбатӣ дастаи Қирғизистон се голи беҷавоб ба дарвозаи дастаи Афғонистон ворид кард.

Ҳамин тариқ, пеш аз як давр то анҷоми бозии Чемпионати CAFA-2019 ғолиби мусобиқа муайян карда шуд. Пирӯзии мутлақ насиби дастаи занонаи Ӯзбекистон шуд, ки 12  хол аз 12 холи  имконпазирро соҳиб шуд. Дар ҷои дуюм дастаи миллии Эрон (бо 9 имтиёз) ҷойгир аст. Дар ин ҳайати сегонаи пешсаф   дастаи миллии Тоҷикистон, ки 7 хол дорад, дар ҷои сеюм қарор дорад.

Бозиҳои даври ниҳоӣ панҷшанбе, 28 ноябр баргузор мешаванд. Дар ин рӯз бозиҳои Тоҷикистон-Ӯзбекистон, Қирғизистон- Туркманистон ва Эрон — Афғонистон сурат мегиранд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои олимпии занони то 23-сола бо гардиши як давр баргузор мешавад.

Чемпионати дастаи олимпии занонаи CAFA 2019 (U-23)

Даври 4-ум

 Туркманистон — ТОҶИКИСТОН 0: 2

Голҳо: Некубахт Худододова, 25 (0: 1). Рафина Нормуратова, 45 + 2 (0: 2).

Сардовар: Кристина Борисова (Ӯзбекистон).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Тоҷикистон).

26 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 130 тамошобин.

Ӯзбекистон — Эрон 3-0

Голҳо: Нилуфар Қудратова, 14 (1: 0). Умеда Зоирова, 65 (2: 0). Дилдора Нозимова, 82 (3: 0).

Огоҳӣ: Шаҳризода Зайнитдинова (Ӯзбекистон), Заҳро Масумӣ (Эрон).

Сардовар: Малика Қодирова (Ӯзбекистон).

Нозири довар: Аллаберген Сапаев (Туркманистон).

Комиссари бозӣ: Александр Давиденко (Ӯзбекистон).

26 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 54 тамошобин.

Афғонистон — Қирғизистон 0: 3

Голҳо: Айҷон Боронбекова, 20 (0: 1). Адинай Дуйшобаева, 30 (0: 2). Адинай Дуйшобаева, 39 (0: 3).

Огоҳӣ: Самира Моманд, Фотима Ҳайдарӣ (Афғонистон), Айпери Саскеева (Қирғизистон).

Сардовар: Салма Разавӣ (Эрон).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Тоҷикистон).

26 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 130 тамошобин.

28 ноябр (панҷшанбе)

14:00 ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

Варзишгоҳи марказӣ дар Ҳисор.

14:00 Қирғизистон – Туркманистон

Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе.

17:00 Эрон – Афғонистон

Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе.

Ноябрь 27, 2019 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд