Соли 2020 дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ майдони Парчам ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 22.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии соли 2020 дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода мешавад. Сохтмони сутун ва майдони Парчам соли равон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода оғоз шудааст. Дар ин бора Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода ба АМИТ «Ховар» иттлоъ дод.
Ба зикри номбурда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол давоми даҳ сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу ҷалоли беназир таҷлил карда мешавад, ки он нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти мамлакат маҳсуб меёбад. Мояи сарбаландист, ки тайи ин солҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ ва аксар шаҳру навоҳии мамлакат парчампоя ва майдонҳои сарсабзи Парчами давлатӣ бунёд шуданд ва имрӯз низ дар дигар шаҳру ноҳияҳо бунёди он идома дорад.
«Моҳият ва нақши Парчами давлатиро дар ҳаёти давлату давлатдорӣ ва сарнавишти халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ифода намудаанд: «Парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Анъанаи парчамдории халқи мо аз умқи таърихи чандинҳазорсола сарчашма гирифта, аҷдоди шарафмандамон ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии давлатдориву парчамдориро тай намудаанд.
Парчами давлатии мо тибқи расму ойини парчамдорӣ бо рангу рамзҳо ва шаклу услуби миллии худ инъикоскунандаи таърихи деринаи халқи тамаддунсозамон мебошад»»,- гуфт Ғайрат Азиззода.
Воқеан, Парчами давлатӣ шаҳрвандони мамлакатро муттаҳид намуда, ба фатҳу зафар, созандагию бунёдкорӣ ба хотири фардои дурахшони Ватан ҳидоят менамояд. Бо ҷилваи Парчами давлатӣ ҳастии моро эҳсоси баланди соҳибватанию соҳибдавлатӣ ва ифтихори миллӣ фаро мегирад. Ҳангоме ки ба шарафи варзишгарони музаффари миллат дар хориҷ аз мамлакат Парчами давлатӣ барафрохта мешавад, мо басо мамнуну шодмон, матинирода ва қавирӯҳ мегардем. Рангҳои сурху сафед ва сабзи Парчами давлатӣ мазмуну моҳияти таъриху сарнавишти халқу ватанро барои озодию истиқлолият, шарафу номус, бунёди ҳаёти осоишта, бахту саодат ва талош барои сарсабзу шукуфон гардонидани давлат ифода менамоянд.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Муносибати самимона ба Парчам ва дӯст доштани он таҷассуми бедории аҳли ҷомеа мебошад. Яъне ҳар як фарди Ватанро зарур аст, ки маъно ва муҳтавои Парчами давлатиро амиқан дарк намуда, бо заҳмати софдилона ва саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодӣ, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёр ва парафшонии парчами саҳмгузорӣ намояд».
Ба ин хотир ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоем.








Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад






