СПЕКА-2019. Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии сатҳи баланд дар Ашқобод иштирок дорад

Ноябрь 21, 2019 09:12

ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Форуми иқтисодии сатҳи баланди СПЕКА-2019 ва ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА, ки  20 ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон  оғоз гардид, имрӯз идома меёбад. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ дастовардҳо ва имкониятҳои давлатро муаррифӣ намуда, бо мақсади рушди бештари муносибатҳои иқтисодӣ барои солҳои оянда як зумра ҳуҷҷатҳо, аз қабили Стратегияи минтақавии СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо, принсипҳои савдои устувор ва пешгирӣ намудани чораҳои ғайритарифӣ аз монеаҳо дар савдоро ба давлатҳо пешниҳод кард, ки онҳо аз ҷониби Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА қабул гардиданд.

Инчунин 19 ноябри соли 2019 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи 14-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таҳти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чаҳорчӯбаи ҷаласа З.Завқизода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи савдои байналмилалӣ, аз қабили иштироки Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, содагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо муаррифӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дошта, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба Стратегияи минтақавии СПЕКА доир ба содагардонии расмиёти савдо, ҳамкории минтақавӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, фаъолияти кумитаҳои миллии содагардонии расмиёти савдо, Равзанаи ягона, инчунин чораҳои ғайритарифии танзими савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ноябрь 21, 2019 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд