Таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шўро оид ба ҳамоҳангсозии таҳсилоти касбӣ баргузор шуд

Ноябрь 20, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, аъзои Шўро, инчунин роҳбарият ва деканони факултетҳои донишгоҳи мазкур ҷаласаи навбатии Шўро оид ба ҳамоҳангсозии таҳсилоти касбӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷараёни амалишавии «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2014-2019» ва вазъи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Аз рўи масъалаҳои баррасишаванда ҳисоботи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода ва ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  Нуъмонҷон Ғаффорӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соҳаи фарҳанг фаъолият карда, аз рўи 48 ихтисос мутахассисон омода мекунад. Аз ҷумла, дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг дар мисоли ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, баён гардида, хотиррасон карда шуд, ки дар озмун якчанд нафар донишҷўёни муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ғолиб дониста шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2014-2019» саривақтӣ арзёбӣ гардида, дастоварду пешравиҳое, ки дар марҳилаи татбиқи ин барнома рўи кор омадаанд, барои рушди донишгоҳ муассир маҳсуб гардиданд.

Зимни муҳокима аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аъзои Шўро ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг ва вазъи иҷрои «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2014-2019», ки ҳамагӣ 52 фоизро ташкил медиҳад, баҳогузорӣ карда шуд.

Аз ҷумла, Азим Иброҳим сатҳи омода кардани кадрҳои соҳаи фарҳангро дар муассисаҳои таълимии соҳавӣ нокифоя арзёбӣ карда, норасоии адабиёти таълимӣ, нагузаштани омўзгорон аз курсҳои такмили ихтисос, ба талабот ҷавобгў набудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии мазкурро аз мушкилоти асосии мавҷудаи онҳо арзёбӣ намуд.

Бо дарназардошти ҳисоботи пешниҳодшуда ва мулоҳизаҳои баёнгардида аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар назди роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта супоришҳои дахлдор дода шуда, ҳамзамон дар назди аъзои Шўро низ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Ноябрь 20, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд