ТОҶИКИСТОН – КУВАЙТ: баррасии дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун

Ноябрь 15, 2019 18:11

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар раъси ҳайати ҳукуматӣ ба давлати Кувайт 11 ноябри 2019 шурӯъ гардида буд. Зимни сафари худ Сарвазири мамлакат бо ҳайати расмӣ марҳалаи нави ҳамкории дуҷонибаи байни кишварҳои Тоҷикистон ва Кувайтро ба роҳ монданд.

Тибқи иттилои манбаъ, пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти Сарвазири мамлакат бо валиаҳди давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз валиаҳди давлати Кувайт ҷиҳати боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват намуд. Валиаҳди давлати Кувайт даъвати мазкурро пазируфта, таъкид намуд, ки дар замони муносиб аз кишвари дӯст боздид хоҳад кард.

Инчунин мулоқоти Қоҳир Расулзода бо раиси Шӯрои вазирони давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ баргузор шуд, ки дар он ҳолат, дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни ду давлати дӯст баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар доираи ташаббуси марбут ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-солҳои 2019-2021, ҷалби сайёҳон, муаррифии зарфият ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар яке аз мехмонхонаҳои ал-Кувайт “Форуми сайёҳӣ” баргузор гардид.

Дар форуми мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ба суолҳои хабарнигорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ҷавобҳои мушаххас дод.

Дар Форуми мазкур муовини вазири иттилооти Кувайт Муҳаммад Юсуф Мустафо Абдулло, намояндагони ВАО ва ширкатҳои гардишгарӣ иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки 16 октябри соли 2017 зимни вохӯрии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳ равобити неки Тоҷикистон ва Кувайтро нишони таваҷҷуҳи хоссаи сарони ду давлати дӯст арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуда буданд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар оянда низ дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду тавсеаи бештар меёбанд.

Гуфта шуд, ки барои ба сатҳи баланд расонидани ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, технология, гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ имконият ва шароитҳои созгор муҳайё мебошанд.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба масоили таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва ба ин васила таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра табодули афкор намуда буданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки аз 14 то 18 октябри соли 2019 бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии муштарак Рўзҳои фарҳанги давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Дар ҷараёни баргузории ин барнома аҳли фарҳангу ҳунари давлати Кувайт барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишгоҳи китоб, аксу мусаввараҳо, базми шеър пешниҳод карданд. Субҳи 15 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои ҳайати расмии ҷониби меҳмон сайри Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ҳамон рӯз соати 16:00 дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши мусаввараҳои рассомони кувайтӣ, аксҳо доир ба таърихи муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баргузор гардид. Ифтитоҳи ботантанаи “Рӯзҳо” соати 17:00 дар толори Театр доир шуда, дар он филми мустанади синамогарони Кувайт ва барномаи консертии муштарак ба намоиш гузошта шуд.

16 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони қувайтиву тоҷик доир гардид.

Ҳайати ҳунарии меҳмонон рӯзи 17 октябр ба шаҳри Норак рафта, бо табиати биҳиштосои диёрамон шинос гардиданд. Меҳмононро дар маркази шаҳри Норак назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ таҳти садои карнаю сурнай муовини раиси шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода ва аҳолии шаҳри Норак бо нону асал пешвоз гирифтанд. Сипас меҳмонон бо намоиши рангини маҳсулоти ҳунарҳои мардумии аҳолии меҳнатдӯсти шаҳри Норак шинос гардиданд. Дар намоиш осори тасвирии мактаббачагону мусаввирони касбӣ, маҳсулоти гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, асбоби мусиқӣ, либосу кулоҳи миллӣ, гулпарварӣ, инчунин меваву хушкмева ба маъраз гузошта шуда буд. Кулли меҳмонон зимни тамошои намоиш ба ҳунару маҳорат ва зебоиофарии мардуми шаҳр офарин хонданд.

Баъд дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак барномаи консертии ҳунарпешаҳои қувайтӣ баргузор гардид. Дар оғоз муовини раиси шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода меҳмононро хушомадед гуфта, иброз дошт, ки баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ далели муносибатҳои таҳкимёбандаи фарҳангӣ мебошанд. “Мо хеле хурсандем, ки санъаткорони қувайтӣ ба шаҳри мо ташриф оварданд. Ин имкон медиҳад, ки мо ба меҳмонон фарҳангу ҳунари хешро муаррифӣ намоем ва аҳли шаҳр низ бо санъати Қувайт аз наздик шинос шаванд”, -иброз дошт Шаҳло Ҳасанзода.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ва зери кафкӯбиҳои аҳли толор муовини раиси шаҳри Норак ба муовини дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати давлати Қувайт Бадр ал-Дувайш аз номи аҳолии шаҳр мусаввараи кундал туҳфа намуд. Роҳбари ҳайати Рӯзҳо Бадр ал-Дувайш низ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳри Норак муҷассамаи Шӯрои миллии фарҳанги давлати Қувайт ва чанд нусха китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги давлати Қувайтро туҳфа намуд.

Меҳмонон 18 октябр ба ноҳияи Варзоб сафар намуданд. Онҳоро дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода ва аҳли фарҳанги ноҳия таҳти садои мусиқӣ пешвоз гирифтанд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг барои иштирокчиёни Рӯзҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида буд, ки дар он намунаи гуногуни дастранҷи кадбонуҳо, хусусан маҳсулоти гулдӯзӣ ва зардӯзӣ ба маъраз гузошта шуда буд.

Барномаи рангини консертии гурӯҳи бонувони сароянда, ки дар толори театр баргузор гардид, бо сухани ифтитоҳӣ ва шодбошии раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода ҳусни оғоз ёфт.

“Имрӯз ба мо — сокинони ноҳияи Варзоб, ки як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон аст, муяссар гардид, ки дар фазои сулҳу суботи кишвари азизамон намояндагони давлати ба мо дӯсту бародари Кувайтро, ки бо роҳбарии муовини дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати давлати Қувайт Бадр ал-Дувайш Рӯзҳои фарҳанги давлати Қувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронида истодаанд, бо як хушнудӣ истиқбол гирем”, — иброз дошт раиси ноҳия.

Сипас барномаи дилнишини консертии ҳунарпешаҳои қувайтӣ манзури сокинони ноҳияи Варзоб гардид. Тамошобинон барномаи консертиро бо кафкӯбиҳо тамошо карда, зери оҳанг ва сурудҳои гӯшнавози меҳмонон рақсиданд.

Меҳмонон инчунин аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Варзоб, аз ҷумла Кохи Малика дидан намуда, ба табиати нотакрор, зебоӣ ва осмони софу обҳои ҷории кишвари мо мафтун гардиданд.

Ҳамчунин боздиди меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи “Парчами миллӣ” ва дигар мавзеъҳои таърихию фароғатии шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Кувайт 31 марти 1995 барқарор шуданд. Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

24 июни 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии давлати Кувайт расман ифтитоҳ ёфт.

29 декабри 2012 Зубайдулло Зубайдов ба ҳайси аввалин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт таъйин гардид.

Сафири давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нассар Абдурраҳмон Алмутайрӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (17-19 апрели 1995, 23-25 июни 2013 ва15-17 майи 2016) аз давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд. Зимни ин сафарҳо Сарвари давлат бо Амири давлати Кувайт Шайх Аҳмад ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.

17 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои аъзои «Муколамаи ҳамкории Осиё» ба давлати Кувайт сафар намуданд.

19-22 декабри 2015 ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба давлати Кувайт сафари расмӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар як силсила мулоқоту суҳбатҳои Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳайати ҳамроҳаш бо мақомоти баландпояи давлати Кувайт доир гардид.

27 апрели 2015 дар Душанбе ва 2 — 4 апрели 2018 дар Кувайт ҷаласаҳои машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат  баргузор гардид.

Заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории ду мамлакатро 16 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳанд.

8-19 декабри 2017 дар Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

24 -28 марти соли 2016 дар  Кувайт намоиши барномаҳои консертӣ, намоиши аксҳо, ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дастии ҳунармандон ва хӯрокҳои миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Умед ЛОИҚЗОДА,
шореҳи АМИТ
«Ховар»

 

Ноябрь 15, 2019 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад