ҲУҚУҚ БА ҲАЁТИ АРЗАНДА. Дар Тоҷикистон маъракаи «16 рӯз зидди зӯроварӣ нисбат ба занон» таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯз зидди зӯроварӣ нисбат ба занон» дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад. Он ба қабули Конвенcия оид ба бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳо нисбат ба занон бахшида шудааст. Дар ин бора муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ зимни ҳамоиш оид ба «Масъалаҳои мубрами озори ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори назар кард.
Марҳабо Олимӣ иброз дошт, ки соли 1999 Созмони Милали Муттаҳид 25 ноябрро расман Рӯзи байналмилалии мубориза бо зӯроварӣ нисбат ба занон ба хотири куштори хоҳарон Мирабэллаҳо аз Ҷумҳурии Доминикан эълон намуд. Интихоби 10 декабр ҳамчун рӯзи хотимавӣ низ бесабаб нест, зеро ин рӯз-Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон аст ва зӯроварӣ яке аз шаклҳои вайрон кардани ҳуқуқи инсон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 19 ноябр дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами озори ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид. Дар он муовини якуми Раиси Кумитаи мазкур Марҳабо Олимӣ, намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат ва устодону донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон иштирок намуданд.
Солҳои охир аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат оид ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пешгирӣ намудани омилҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон, пешбарӣ намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва тайёр намудани кадрҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд. Аз ин рӯ, Кумитаи кор бо занон ва оила низ барои поймол нашудани ҳуқуқи занону бонувони мамлакат чораҳои зарурӣ дида, нисбат ба ҳаёти шоистаи онҳо бетараф нест.
Марҳабо Олимӣ дар ҳамоиши мазкур иброз намуд, ки «масъалае, ки имрӯз мо дар мавзӯи озори ҷинсӣ баррасӣ карда истодаем, ин яке аз мавзӯъҳои бениҳоят мубрами рӯз буда, атрофи он баҳсҳо зиёданд. Аммо мутаассифона, ин мавзӯъ то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст».
Бояд гуфт, ки соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз ҷониби Парлумони мамлакат тасдиқ гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаи субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд. То соли 2030 пешгирӣ намудани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
«Дар Паёми имсола Ҷаноби олӣ гуфтанд, ки ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда дошта бошад. Лекин дар сурати ҷой доштани таҳқир аз тарафи як нафар нисбат ба шахси дигар, дар сурати поймолкунии ҳуқуқи онҳо ва расонидани озори ҷинсӣ, хусусан нисбат ба занону духтарон дар бораи ҳаёти арзанда сухан гуфтан бисёр нанговар аст»,- гуфт Марҳабо Олимӣ.
Дар ҳамоиш инчунин дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои муосир оид ба пешгирии озори ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Танзими ҳуқуқӣ бар зидди озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ», «Амалияи судии баррасии парвандаҳо оид ба озори ҷинсӣ» ва ғайраҳо маърӯзаҳо хонда шуданд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш доир ба мавзӯъҳои баррасигардида муҳокима сурат гирифт.









Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






