ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хатлон 69 лоиҳаи соҳибкорон ба маблағи 89,9 миллион сомонӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 02.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тайи даҳ моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон ба маблағи 437,7 миллион сомонӣ 93 лоиҳаи қарзӣ таҳия ва барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд. Аз аввали фаъолияти муассиса то кунун 69 лоиҳаи соҳибкорони хатлонӣ ба маблағи 89,9 миллион сомонӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Зикр шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муҳайё кардани шароити нисбатан беҳтар барои кору зиндагии шаҳрвандон дар вилояти Хатлон бунёди 103 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар вилоят 73 корхонаю коргоҳ бо таъсиси 765 ҷойи кори нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Саноатчиёни вилоят низ дар натиҷаи мувофиқи мақсад ба роҳ мондани фаъолият тавонистанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 6 миллиарду 687,6 миллион сомонӣ расонанд, ки ин нисбат ба давраи ҳамин давраи соли 2018 710,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҷараёни афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истихроҷи нафт ва гази табиӣ, ҳар гуна канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маводи ғизоӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан ва спиртӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, кимиёӣ, резинӣ, пластмассӣ, ғайрифилизии маъданӣ, мебел, неруи барқ, коркарди чӯбу тахта, маснуоти чӯбин ва чанд намунаи дигар мутаносибан аз 101 то 158 дарсади нақша иҷро шуданд.
Ҳоло дар вилоят 90 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешаванд, ки ин ҳам яке аз муваффақиятҳои вилоят дар айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд






