Айём Хабиров дар чемпионати самбо соҳиби медали тилло гардид

Декабрь 16, 2019 10:37

ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Самбочии  Россия Айём Хабиров, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар Чемпионати XXV  Федератсияи умумиҷаҳонии  самбои ҷангӣ соҳиби медали тилло гардид, хабар медиҳад рӯзноманигор Хилватшо Хоҷаев дар сомонаи  фейсбукии  худ.

«Боз як хушхабар!» Боз як қаҳрамони дигар! Инак, ғолиби Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо боз зери парчами Тоҷикистон қарор дорад!», — чунин навиштааст Хоҷаев дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ.

14 декабри соли равон Чемпионати умумиҷаҳонии самбои ҷангӣ дар шаҳри Твер анҷом ёфт. Хабиров дар вазни то 57 кило қувваозмоӣ намуд.

Зикр гардидааст, ки варзишгарро  ба мусобиқа мураббии тоҷик Рустам Одинаев омода намудааст.

Дар қувваозмоӣ  варзишгарони зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон  ширкат намуданд. Мусобиқа аз рӯи се намуд доир гардида, ҳамчунин як қатор бахшҳо барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва соҳаи ғайридавлатии  амният пешбинӣ шуда буд.

Тоҷикистонро варзишгари ММА Айём Хабиров намояндагӣ мекунад. Ӯ  фаъолияти касбии хешро соли 2016 оғоз намуда, то ҳол дар 6 муҳориба ширкат варзида, 4 бор пирӯзӣ ба даст оварда,  2 маротиба мағлуб шудааст. Вай дар рақобатҳои гуногун  бо ҳарифон Гаҷӣ Абдусаламов, Искандар Ризоев, Алехандер Лапигин рӯ ба рӯ шудааст.

ДАР АКС: Айём Хабировро Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ғалабаи навбатӣ табрик мегӯяд. Акс аз бойгонӣ

 

Декабрь 16, 2019 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд