Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Фонди ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.12.19. /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Фонди ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ намояндагӣ кард.
Тавре президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа аъзои Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Фонди ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Фонди ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ, инчунин намояндагони сафоратхонаҳои муқими Ҷумҳурии Беларус иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа доир ба рӯзномаи ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Фонди ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ, аъзои нави он, қарорҳои кории аъзо, фаъолияти ҷорӣ, тасдиқи Нақшаи хароҷоти чорабиниҳо (лоиҳаҳо), ҷоизаҳои «Ситораҳои Иттиҳод» ва «Иттиҳоди дебютҳо», фаъолият дар солҳои 2020-2021, дар чаҳорчӯби кишварҳои аъзои ИДМ таъсис додани Комиссияи муаррихон ва бойгонишиносон ҷиҳати муқовимат бо таҳрифгарони таърих, ки барои ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ хеле муҳим арзёбӣ мегардад, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Пешниҳод гардид, ки соли 2022 дар кишварҳои аъзои ИДМ — Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ ва соли 2023 — Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ эълон карда шавад.
Доир ба ҷараёни амалишавии Барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» қарор қабул гардид, ки давлатҳо ҳайатҳои худро барои амалишавии Барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» ба шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2020 ва ба шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 таъсис диҳанд ва фаъолона дар ин чорабиниҳо иштирок намоянд.
Инчунин Нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2021-2022 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар доираи ҷаласа ҳамоиши фарҳангӣ ва супоридани ҷоизаи Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Фонди ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ ба ҷавонони лаёқатманд ва эҷодкор дар соли 2019 — «Иттиҳоди дебютҳо» доир гардид. Соли равон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрнигори Рустам ба гирифтани ҷоизаи мазкур ноил гардид ва ба ин сарояндаи ҷавон ҷоиза ба таври тантанавӣ супорида шуд.
Дар охир тамоми иштирокчиёни Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Фонди ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ба хотири арҷгузорӣ ба ҷонфидоӣ ва қаҳрамонии мардуми бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ дар мубориза бар зидди фашизм дар назди муҷассамаи аскари Шӯравӣ дар назди қалъаи қаҳрамони Брест гулчанбар гузоштанд.









«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст
Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид






