«Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия»-конференсияи минтақавӣ дар Душанбе

Декабрь 13, 2019 15:28

ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 декабр дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия» конференсияи минтақавӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Зикр гардид, ки мақсади асосӣ аз амалисозии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон боз ҳам наздик намудани робитаи ин мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, зимни ифтитоҳи конференсияи сатҳи баланд сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода иброз намуд, ки «тайи ду рӯзи баргузории конференсия иштирокчиёни он масъалаҳои вобаста ба табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ ва такмили амалия дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин фароҳам овардани фазои мусоид барои наздиксозии равобити милитсия бо шаҳрвандон ҷиҳати ҳаллу рафъи мушкилоти рӯзро, ки марбут ба таъмини бехатарӣ дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ мебошанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд».

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода зикр кард, ки «чанд сол мешавад, ки дар Тоҷикистон раванди амалисозии ислоҳоти милитсия бомаром ҷараён дорад. Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкориву ҳамбастагӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва якчанд давлатҳои дӯст дар доираи ин иқдом корҳои зиёдеро анҷом додааст. Муҳимияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат дар ин сохтор таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста ба Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои зертобеи он ташриф меоранд».

Дар идомаи конференсияи минтақавӣ ҳамчунин директори Шуъба оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ниша Прайер Синкх, роҳбари ташкилоти байналмилалии «Saferworld» (Дунёи бехатар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хирад Каргасов, муовини сардори Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия оид ба илм, полковники политсия Павличенко Николай Владимирович, сардори Академияи Қустанайи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Ш. Қобилбоев, полковники политсия Биекенов Нурлан Амангелдинович, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода ва чанде дигар бо намоиш додани слайдҳо оид ба сатҳи ҳамкории мақомоти корҳои дохилии кишварҳои худ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар конференсияи минтақавӣ оид ба «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия» масъулини мақомоти корҳои дохилӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок доштанд.

Декабрь 13, 2019 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд