Ҳамовозӣ ба Паёми Пешвои миллат: Дастуре, ки моро ба худшиносӣ ҳидоят менамояд

Декабрь 30, 2019 10:36

ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паёми пурмуҳтавои ироакардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ҳамовозии васеъ пайдо карда, мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дорад. Дар зимн, матни пурраи андешаҳои Додоҷон РӮЗИЕВ, корманди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода манзури хонандагони АМИТ «Ховар» гардонида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худашон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Аз ҷумла, таъкид карданд, ки дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши асосӣ мебозанд. Дар ин росто, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ муваззаф гардиданд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд ва барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар Паёми Сарвари давлат инчунин ба масъалаҳои фарогирии донишҳои замонавӣ, мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо назардошти боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. Ин иқдом, бешак, ба пешрафти минбаъдаи ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Пешниҳоди дигари созандае, ки аз ҷониби Президенти мамлакат таъкид гардид, минбаъд ҳар сол баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ… » буд. Дар ин самт Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки озмуни мазкурро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм — таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм — дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат аз таърихи пурифтихори халқи тоҷик ёдовар шуда, онро мактаби бузурги худшиносӣ маънидод намуданд. Зикр сохтанд, ки мо бояд ба таърихи пурифтихори халқамон арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем»,- иброз доштанд Сарвари давлат.

Пешвои муаззами миллат бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина дур шудан аз бегонапарастию рӯ овардан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою даҳшатафкан Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» — ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Пешвои миллат  ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа намояд. Воқеан ин иқдоми Сарвари давлат мояи ифтихори ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро мардуми фарҳангдӯсти тоҷик пурра имконият меёбанд, ки аз таъриху фарҳанги ғании хеш огоҳӣ пайдо намоянд.

Ҳамзамон вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо муваззаф шуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.

Сарвари давлат арзиши илмии ин асари бунёдиро ниҳоят бузург арзёбӣ намуда, тазаккур доданд, ки Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон шинос кард. Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми мамлакат  гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ба масъалаи таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳангӣ, таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҳар сол баргузор карда шавад.

Президенти мамлакат таъкид карданд, ки ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Яъне, мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

Воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастури раҳнамоест, ки моро ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд. Ҳайати профессорону устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳар як нуктаи дар Паёми Пешвои  миллат баёншударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу ҳунар пайваста саъю талош хоҳанд кард.

Декабрь 30, 2019 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ниҳодҳои масъул барқиянома ирсол намуд, то ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода шаванд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Суғд Рӯзи кормандони милитсияро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок дорад
Дар шаҳри Будваи Черногория масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил гардид
Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
30-солагии қабули Конститутсияро дар Суғд бо ҷамъомади тантанавӣ таҷлил намуданд
Конститутсия барои занону духтарон ҳуқуқ ба таҳсил ва корро фароҳам овардааст
Дар Хоруғ 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил гардид