Аъзои Маҷлиси миллӣ масъалаҳои муҳими фарогири ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакатро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд

Декабрь 25, 2019 13:45

ДУШАНБЕ, 25.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон 34  масъалаи муҳими фарогири ҳаёти сиёсию иқтисодӣ  ва иҷтимоию фарҳангии мамлакатро дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум,  ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид,  баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар иҷлосия аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»,  «Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ниҳолпарварӣ», «Дар бораи хазинадорӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шуданд.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қаноатшо Лоиқзода масъалаи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро шарҳ дода, гуфт: «Қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат бо экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва асосҳои сохтори конститутсионӣ муайян намуда, аз 6 боб ва 30 модда иборат мебошад».

Зикр гардид, ки қонун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 28 ноябри соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро қабул намудааст.

Дар боби якуми қонуни мазкур, — гуфт мавсуф, мафҳумҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи муқовимат бо экстремизм, принсипҳо, самтҳо ва вазифаҳои асосии он дарҷ гардида, дар моддаҳои дигари он ҳолатҳои дар Тоҷикистон фаъолияти эктремистӣ ҳисобшаванда номбар ва муайян шудаанд.

«Дар Қонун салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субектҳои муқовимат бо экстремизм ва ваколатҳои онҳо, инчунин уҳдадориҳои шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва кафолати давлатӣ нисбат ба шахсоне, ки дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб кумак мерасонанд, муайян гардидаанд»,- афзуд Қаноатшо Лоиқзода.

Гуфта мешавад, ки тибқи муқаррароти Қонуни мазкур маблағгузории экстремизм сабаби ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ гардида, ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд хизматрасониро ба ташкилотҳои экстремистӣ рад намоянд.

Зимнан, роҳбарияти оливу сиёсии  Тоҷикистон ба муқовимат бо терроризму экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешидааст.

Қабул ва татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо таҳлили дурбинонаи вазъ ва ёдоварӣ аз ҳодисаҳои мудҳиши террористии солҳои охир дар ҷаҳони муосир сохторҳои салоҳиятдори муқовимат бо терроризму экстремизм ва қонунгузориро вазифадор намуда буданд, ки ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳамин тариқ, даҳаи дуюми моҳи июни соли  равон Қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуда, 28 ноябри соли равон вакилони мардумӣ онро қабул намуданд.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода ва дигар вакилони мардумӣ сухан гуфтанд.

«Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» 8 декабри соли 2003, яъне 16 сол қабл қабул шудааст. Дар ин давра вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон тағйир ёфта, ба таври ҷиддӣ фаъолшавии гурӯҳҳои экстремистӣ мушоҳида мегардад. Аз ин рӯ қонуни амалкунанда ба ин таҳдидҳои замони нав ҷавобгӯй намебошад»,- гуфта буд Ҳотам Назарзода дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуҷаббор Қодирзода ва як зумра қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагонро ҷонибдорӣ намуданд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2019 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд