Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён доранд. Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ гуфта шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 «Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” ва қарори марбутаи Раиси вилоят соли оянда дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ таҷлил карда мешавад. Таъкид гардид, ки таҷлили 5500-солагии Саразм ба Рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО низ пазируфта шуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин ҷашни сатҳи байналмилалӣ корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Сипас, ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода оид ба ҷараёни корҳои омодагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷашн маълумот доданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз баррасии вазъи омодагиҳо барои тақвияти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, омодасозии маводи зарурии тарғиботӣ оид ба Саразми бостонӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба ёдгории қадимӣ ва дигар масъалаҳо дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон-«Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардидааст.
31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи «Мероси фарҳангии умумибашарӣ» ворид гардид.










Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд






