БОНКИ МИЛЛӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бо низоми пардохтии «Юнистрим» ва якчанд ташкилоти қарзии ватанӣ фаъол гардид

Декабрь 4, 2019 15:03

ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре Бонки миллии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, аз 15 ноябри соли 2019 “Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт. Дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии мазкур аз 18 ноябри соли 2019 дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба таври пилотӣ Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бо низоми пардохтии “Юнистрим” ва якчанд ташкилоти қарзии ватанӣ муваффақона фаъолияти худро шурӯъ намуд.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.  

Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ мешаванд. Айни замон низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд. Аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассутии ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.

Инчунин низоми пардохтии “Вестерн Юнион” пайвастшавиро ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо босуръат идома дода, рӯзҳои наздик тавассути низоми мазкур низ интиқоли маблағҳо имконпазир мегардад.

Муштариёне, ки маблағҳоро тавассути низомҳои пардохтии “Золотая Корона”, “Близко” ва “MoneyGram” интиқол дода, ин мабалғҳоро то  3 декабри соли 2019 дастрас накардаанд, метавонанд маблағҳои худро аз ин низомҳо бозпас гирифта, тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт”, инчунин суратҳисобҳои бонкӣ интиқол диҳанд.

Бояд зикр намуд, ки низоми пардохтии “Золотая Корона”, ки ҳаҷми зиёди маблағҳо тавассути он интиқол мегардид, ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудааст ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин накардааст. Аз ин лиҳоз интиқоли маблағҳо тавассути низоми мазкур ғайриимкон мебошад.

Дар сурати аз ҷониби дигар низомҳои пардохтӣ иҷро гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайваст гардидани онҳо ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо фаъолияти онҳо дар ҷумҳурӣ барқарор мегардад.

Мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиёт ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф иборат мебошад.

Бо назардошти ин гуфтаҳо, Бонки миллӣ аз ташкилотҳои қарзӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд ба самъи муштариён ва наздикони худ дар давлатҳои хориҷа расонанд, ки рӯзҳои наздик ҳангоми интиқолдиҳии маблағҳо аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд. Коди “Юнистрим” 12- рақама буда, коди “Контакт” 9- рақама мебошад. Минбаъд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кодҳои 9- рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.

То охири моҳи декабр мунтазам дигар низомҳои пардохтӣ ба Маркази миллии протсессингӣ пайваст мешаванд ва низоми бонкӣ дар навбати худ барои таъмини саривақтии хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо ба муштариён тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.

Ҳамарӯза дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар реҷаи воқеӣ маълумот оид ба низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингӣ пайваст шудаанд, гузошта мешавад.

Декабрь 4, 2019 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон барои сармоягузорон фазои муносиби иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст
Ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Эрон дар ду соли охир 50 дарсад афзоиш ёфт
Президенти Тоҷикистон: «Иқтидори бузурги энергияи «сабз»-и Тоҷикистон дар оянда метавонад ба нафъи дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон низ истифода шавад»
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Эрон дар самти муқовимат ба коррупсия ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.2604 то 11.1000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб парвози аввалини ҳавопаймо анҷом дода шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои калидии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ҳосили фаровони дарахтон аз яхобмонӣ вобаста аст»