Дар Қазоқистон сиёсати муваффақонаи Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра мавриди омӯзиши илмӣ қарор мегирад

Декабрь 13, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 13.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» — таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон конференсияи илмию амалӣ доир мегардад. Дар он сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои муҳими сайёра, махсусан ташаббуси наҷиби ӯ дар самти таъмини оби ошомиданӣ мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, конференсия дар доираи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» аз ҷониби Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шудааст. Коршиносон, олимону муҳаққиқони тоҷику қазоқ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба норасоии оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 -2028»-ро аз нигоҳи илмӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш 9 нафар олимону коршиносони соҳа аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва  Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон намояндагӣ ва маърӯзаҳои илмӣ менамоянд.

Дирӯз ҳайати олимон ва муҳаққиқони тоҷик бо мақсади иштирок дар ин конференсияи илмию амалӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.

Декабрь 13, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид