Дар Душанбе даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.
Фестивали мазкур аз ду намуд: сабқат — рақобати даставӣ ва бозиҳои намоишӣ иборат буда, ба гурӯҳи сабқат ва рақобати даставӣ 8 намуд бозӣ ва ба гурӯҳи намоишӣ 10 номгӯй бозӣ дохил мешаванд. Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 20 март оғоз шуд. Марҳилаи дуюм 8 сентябр дар сатҳи минтақа ва вилоят баргузор гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ғолибони марҳилаи дуюм ва ҳаводорони намудҳои гуногуни варзиш иштирок менамоянд.
Мақсад аз баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ — эҳё ва рушди намудҳои миллии варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани таърих, фарҳанг, расму ойин ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳамзамон тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ғолибон ва иштирокчиёни Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо Ҷом, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






