Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2019 баргузор гардид

Декабрь 28, 2019 12:40

ДУШАНБЕ, 28.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кор бо ҷавонон баргузор  гардид.

Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимӣ, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Ғайрат, муовини раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ширин Амонзода ва намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  иштирок намуданд.

Тавре раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ҷавонон  ворисони арзандаи халқу миллат ва созандагони  имрӯзу фардои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд.

Тавре аён аст, тақдир ва рушди ҳар як давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад.  Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа  эътироф шудаанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми шароиту имкониятро фароҳам меоварад.

Ин аст, ки 26 декабри соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки  насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.

Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар — Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизадорони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология – инноватсия, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, Ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» , ғолибони  озмуни «Донишҷӯи сол- 2019» , озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи донишҷӯӣ», озмуни ҷумҳуриявии  «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ», Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар ғолибони озмунҳо  муайян шуданд.

Дар соҳаи санъат:

Донишҷўи курси 4 ихтисоси «Санъати ороишӣ – амалӣ (наққошӣ)-и Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов» Муҳаммадҷони Ҳикматулло, солисти опера, дараҷаи олӣ Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ» Шарофат Усмонзода, артисти балет, дараҷаи олӣ Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ» Муҳаммади Азимзода, донишҷўи курси 4 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  Музаффар  Раҳимов, донишҷўи курси 3 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фарида Саидова, коргардон — таҳиягари Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ» Баҳроми Қурбонзода.

Дар самти техника, технология- инноватсия:

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Саидусмон Акрамов, донишҷўи курси 3 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рустам Алиев.

Дар самти рӯзноманигорӣ:

Муҳаррири  рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Беҳрӯз Холмуродов, хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Холиса Асомиддинова, муҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ — таҳлилии МД телевизиони «Сафина» Наврўз Сафаров, сармутахассиси Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» Маҳмуд Мирзоев, муҳаррири радиои вилоятии «Дунё FМ» Меҳрубон Ҳасанов, муҳаррири Телевизиони Тоҷикистон  Зикриё Раҳимов, сармуҳаррири нашрияи «Паёми донишҷў»-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Дороҷон Маҳкамов.

Дар самти барномасозӣ:

Омӯзгори кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии ҳуқук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шуҳратҷон Исмоилов, корманди МД «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» Зафар Муродов соҳиби ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гардиданд.

Инчунин дар озмуни Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ Фаррух Иброҳимов, Диловар Толибов, Иззатулло Латипов, Ҳабибулло Намозов, Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Кабутов, Фарух Аҳмадзода, Идимат Шамсов, Юсуф Дилшодзода, Бедил Қисматов ва Раҷабалӣ Аминов бо ҷасорат ва корнамоиҳои худ бо ҷоиза қадрдонӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ҳоло беш аз 257 ҳазор нафар ҷавонон, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2019 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд