Дастаи футболи духтаронаи «Хатлон» ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 16 декабр Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасони (U-16) то 16-сола баргузор шуд, ки дар ҷамъбасти он дастаи футболи духтарони «Хатлон» ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа 6 даста миёни ҳам рақобат намуданд, ки дар натиҷа се ҷойи ифтихорӣ насиби варзишгарони вилояти Хатлон гардид.
Дастаи «Хатлон» сазовори ҷойи якум гардида, дастаҳои ноҳияи Фархор ва шаҳри Кӯлоб мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи имсола дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Фархор иштирок намуданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






