Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок мекунад

Декабрь 2, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 02.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» иштирок мекунад. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур  8 декабр оғоз шуда, то 14 декабр дар шаҳри Жуҳайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад.

Дастаи мунтахаби мамлакат бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо дастаҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) бозӣ мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»

1-ум давр
8 декабр (якшанбе)
15:00. Сурия – Малӣ
19:35. Чин – ТОҶИКИСТОН

2-юм давр
11 декабр (чоршанбе)
15:00. Малӣ – ТОҶИКИСТОН
19:35. Сурия – Чин

3-юм давр
14 декабр (шанбе)
15:00. ТОҶИКИСТОН – Сурия
19:35. Чин – Малӣ

Оғози бозиҳо бо вақти Чин муайян шудааст.

Декабрь 2, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт