ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардид!

Декабрь 23, 2019 14:05

ДУШАНБЕ, 23.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба як қатор дастовардҳои назарраси сатҳи байналмилалию минтақавӣ ноил гардид, ки сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардидани гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Боғдорӣ барои рушди деҳот» дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» яке аз онҳост.

Ин намоишгоҳ аз 29 апрел то 7 октябри соли 2019 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт.

8-уми октябр дар маросими расмии ҷоизасупории Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» тибқи қарори Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ дар асоси хулосаи коммисияи байналмилалӣ иборат аз 11 нафар аз кишварҳои гуногун таҳти роҳбарии Президенти Ассотсиатсияи    байналмилалии    истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои боғдорӣ (AIPH) Бернард Костером Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи «Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ» аз рӯи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқатии мавзуъ, муаррифӣ, ташкили кори Павилион ва тарҳи меъморӣ соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, аз Павилиони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор нафар ва дар рӯзҳои истироҳатӣ то 45 ҳазор  шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва хориҷӣ дидан намудаанд. Дар ин Намоишгоҳ зиёда аз 110 давлатҳои ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва 120 музофот, шаҳр ва ташкилотҳои Чин иштирок карда, барои мукофотҳои Намоишгоҳ довталабӣ намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба мавзуъ дастовардҳои соҳаи боғдории худ, аз ҷумла меваҳои тару тозаи экологӣ, меваҳои хушк, фишурдаи меваҳо, асал, обҳои ташнашикани ширкати навтаъсиси «Сиёма» ва дигар маҳсулоти ширкат ва корхонаҳои худро муаррифӣ намуд.

Дар баробар ин, ба меҳмонон ва ташрифоварандагони Намоишгоҳ имкониятҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ муаррифӣ гардид.

Боиси зикр аст, ки дар доираи Намоишгоҳи мазкур бори аввал ширкати ватании «Абрикос и компания» ба бозори калони Чин барои фурўши меваҳои хушк роҳ ёфта, намояндагии доимии худро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дод.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боғдорӣ ва кишоварзӣ, инчунин эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар баробари ин ташрифи бевоситаи Сарвари давлат ба гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ нақши муҳим ва калидиро барои ноил гардидан ба ин дастовард бозид.

Ёдовар мешавем, ки 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи Янчин Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «ЭКСПО-2019»-ро тамошо карданд.

Дар ин намоишгоҳ бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ба хотири муаррифии арзандаи неъматҳои моддию маънавии ҷумҳурӣ намояндагони сохторҳои марбутаи соҳаи боғдорӣ, тиҷорату сайёҳат ва ширкатҳои ватанӣ номгӯйи зиёди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва маводи имкониятҳои сайёҳии кишвари офтобиро ба маъраз гузошта буданд.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки гӯшаи Тоҷикистон аз рӯи хусусиятҳои хоси табиати кишвар — куҳҳо, обҳои мусаффо, имкониятҳои сайёҳӣ ва иншооти таърихӣ сохта шуда буд.

Декабрь 23, 2019 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид