Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» дар соҳаи кинематография ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар кинотеатри «Зебуннисо» маросими супоридани Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ»-ии Фестивали филмҳои тоҷикӣ доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар номинатсияи беҳтарин филми кӯтоҳметраж ба филми «Дӯғоб» –и коргардон Зайнулобиддин Мусо барои инъикоси мавзӯи хуби ишқӣ миёни зану мард дар фазои анъанавӣ;
-дар номинатсияи беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ ба филми «Умар-ако» (Суғдсинамо) барои кушодани олами ботинии қаҳрамон ба Далери Имомалӣ;
-дар номинатсияи нахустин кори синамоӣ барои бозтоби шоирона ва нигоҳи мавзун ба қаҳрамони филм ба филми «Пудина» (Май визион)-и Таҳмина Ҳакимова Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» дода шуд.
Ҳамчунин як ҷоиза барои саҳми босазо дар рушди кинои тоҷик ба коргардони маъруфи олами кино шодравон Комил Ёрматов тақдим ва ба пайвандонаш супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Кинофестивали «Лолаи тиллоӣ», ки бо ибтикору дастгирии сафорати Франсия ва Маркази фарҳангии «Бохтар» бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, 25 ноябр оғоз ёфта, 1 декабр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд.
Мутасаддиёни фестивал иттилоъ доданд, ки давоми 6 рӯз дар толори кинотеатри «Ватан» ва «Тоҷикфилм» беш аз 20 филми коргардонҳои ҷавони тоҷик пешкаши ҳаводорон ва аъзои ҳакамон гардонида шуд. Ҳайати ҳакамоне, ки аз коршиносони кинои ватанӣ ва байналмилалӣ, продюссерҳо, коргардонҳо ва наворбардорони филм иборат буд, ғолибонро дар 3 марҳила- беҳтарин филми бадеӣ, беҳтарин филми мустанад ва беҳтарин филми кӯтоҳ муайян намуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи фестивал 30 ноябр дар киностудияи «Тоҷикфилм» муаррифии лоиҳаҳои нави кинои филмсозони тоҷик бо иштироки продюссерони аврупоию коршиносони Аврупо ва семинарҳо оид ба маблағгузории лоиҳа ва ҳамкорӣ дар соҳаи кино баргузор шуданд.








Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






