Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз ҳазору 200 номгӯй маводи доруворӣ ва тиббиро аз муомилот гирифт
ДУШАНБЕ, 24.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми 11 моҳи соли равон зимни гузаронидани санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтӣ ва ду анбори ғайриқонунии ҷумҳурӣ зиёда аз 1 ҳазору 200 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз муомилот бозпас гирифтааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти мазкур хабар медаҳад.
Гуфта мешавад, ки ба он асосан номгӯи маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуда ворид мебошад.
«Давоми 11 моҳ Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи нақша корҳои омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот, назорати фаъолияти фарматсевтӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ ва бақайдгириро идома дод», — афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем ки айни ҳол дар Тоҷикистон 2 ҳазору 528 муассисаи фарматсевтӣ, аз ҷумла 507 адад дар шаҳри Душанбе, 332 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 712 адад дар минтақаи Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, 910 адад дар вилояти Суғд ва 67 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд.
Акс аз бойгонӣ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






