ИҚДОМИ НАВБАТИИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Маҷлиси намояндагон пешниҳоди Президенти Тоҷикистонро оид ба афви шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд қабул намуд

Декабрь 11, 2019 13:55

ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба афв намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд, қабул намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима шуд.

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода ва узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бахтовар Сафарзода лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи афв вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» дар назди вакилони мардумӣ шарҳ доданд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи вакилони мардумӣ якдилона ҷонибдорӣ ва қабул карда шуд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

«Мақсад аз қабули Қонун гузаронидани иқдоми якдафъаина оид ба афв вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, инчунин мусоидат намудан ба пешгирии бешаҳрвандӣ мебошад», — афзуд Икром Умарзода.

Иттилоъ дода шуд, ки қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти татбиқи ин Қонун қарор мегиранд, бо роҳи бақайдгирии онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои истиқомати доимӣ мондан дар Тоҷикистон ва ба онҳо додани гувоҳномаи иқомат амалӣ мегардад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда, — гуфт муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз охири соли 2014 то марти соли 2016 танҳо дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии Шаҳритус, Қубодиён, Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич, Турсунзода ва Шаҳринави Тоҷикистон зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсони бешаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аксарияти онҳо собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ буда, шаҳрвандии онҳо номуайян боқӣ мондааст.

Вакили мардумӣ Бахтовар Сафарзода зимни шарҳи лоиҳаи мазкур онро иқдоми навбатии инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, гуфт:   «Мутаассифона, «бешаҳрвандӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин натиҷа ва оқибатҳои ногувори барҳамхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муҳоҷират, надоштани қобилияти қабул намудани шаҳрвандии давлатҳои нави соҳибистиқлол аз ҷониби собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, ақдҳои никоҳи омехта, камбудиҳо дар қонунгузории миллӣ, инчунин монеаҳои низомӣ ва маъмурие, ки барои қабул ё тасдиқ намудани шаҳрвандӣ халал мерасонанд, мебошад».

Ба гуфтаи мавсуф, шахсоне, ки шаҳрвандии худро исбот карда натавонанд, берун аз ҷамъият монда, миёни табақаҳои аз ҳама камбизоат ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ заифу истисноӣ қарор мегиранд.

«Онҳо бо монеаҳои ҷиддӣ барои дастрасӣ ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон – ҳуқуқҳои сиёсӣ, ишғол намудани мансаби давлатӣ, имконияти гирифтани шиноснома ва сафар намудан, ҷустуҷӯи кор ё дастрасӣ ба таҳсилот, ҳимояи иҷтимоӣ, тандурустӣ, адолати судӣ, бақайдгирии издивоҷ ё таваллуди кӯдак, кушодани ҳисобҳои бонкӣ ва дороии молумулкӣ рӯ ба рӯ мешаванд», — афзуд Бахтовар Сафарзода.

Гуфта мешавад, ки тибқи лоиҳа шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷии давлатҳои қаблан дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қарордошта аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ вобаста ба вайрон кардани тартиби иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, убури сарҳади давлатӣ, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷавобгарии маъмурӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳое, ки ба тартиби муқарраршудаи иқомати шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ алоқаманд мебошанд, озод карда мешаванд.

Лоиҳаи Қонуни баррасигардида, — гуфт Бахтовар Сафарзода, иқдоми навбати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои ба ҳаёти муътадилу комили шаҳрвандӣ баргаштан ва барасмиятдарории мақоми ҳуқуқии онҳо равона шудааст.

«Баъд аз қабули қонуни мазкур онҳо метавонанд ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқ ворид шуда, барои таъмини шароити арзандаи ҳаёт ва инкишофи озодонаи худ ва фарзандонашон аз кафолатҳои давлатӣ истифода намоянд», — афзуд мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа инчунин якчанд масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз бойгонӣ

Декабрь 11, 2019 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд