ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИР. Дар Душанбе бахшида ба ин сана ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир (International Migrants Day) ҳамоиш доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷамъомадро сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки маҳз дар ҳамин рӯз, 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалӣ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо»-ро қабул намуда буд. 4 декабри соли 2000 Ташкилоти мазкур қарор кард, ки ҳамасола дар ҷаҳон 18 декабр Рӯзи байналмилалии муҳоҷир таҷлил карда шавад.
Номбурда иброз дошт, ки тайи ду даҳсола муҳоҷирати меҳнатӣ ба раванди умумиҷаҳонӣ ва падидаи глобалӣ табдил ёфта, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзудааст. Тибқи пешбиниҳои СММ, то соли 2050 теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид. Тавре аз гузориши СММ бармеояд, муҳоҷирати меҳнатӣ барои таъмину тақсимшавии мутаносибан баробари қувваи корӣ дар тамоми ҷаҳон кумак намуда, аз ҳисоби мубодилаи малака ва касбу кор барои пешбурди ҷараёни рушди истеҳсолоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Яъне, муҳоҷирон ба давлатҳои мутараққӣ ба кор рафта, дар ҷараёни фаъолият технологияҳои навро аз худ мекунанд.
«Ин матлабро таҳлилгарони созмонҳои байналмилалии меҳнат ва муҳоҷират низ таъкид карда, зикр намудаанд, ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ меорад. Бинобар ин мо муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули замона бояд дарк ва қабул намоем», -гуфт номбурда.
Дар ҷамъомад иттилоъ дода шуд, ки кишварҳои пешсафи қабулкунандаи муҳоҷирон Иёлоти Муттаҳидаи Америка (47,5 млн), Германия (12,6 млн), Арабистони Саудӣ (12,2 млн), Федератсияи Россия (11,7 млн) ва Британияи Кабир (9,2 млн) мебошанд. Ҳамчунин зикр шуд, ки тибқи иттилои СММ, кишварҳои асосии интиқолдиҳандаи муҳоҷирон дар ҷаҳон Ҳиндустон (16,4 миллион нафар), Мексика (11,9 миллион), Федератсияи Россия (11 миллионов) ва Чин (10,1 миллион) арзёбӣ гардидаанд.
Т.Каримзода зикр кард, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо имрӯз аз тағйироти равандҳои муҳоҷират дар канор нест, зеро мамлакати мо дорои захираҳои бузурги қувваи корӣ мебошад. Масъалаи мазкур ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат равона гардидааст».
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳанӯз соли 2001 «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо»-ро тасдиқ ва санадҳои миллиро ба он мутобиқ намуда, бо кишварҳои асосии қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус ва дигар давлатҳо созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ бастааст.
Сипас сардорони раёсатҳои Хадамот ва коршиносони соҳа дар мавзӯи мавриди назар сухан гуфта, ёдовар шуданд, ки бо дарки зарурати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ аз пайомадҳои нохуши он ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонамон дар хориҷа Стратегияи давлатии ин соҳа амалӣ мегардад. Аз ҷумла, созишномаҳои баимзорасидаи байниҳукуматӣ дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷрои он моҳи марти соли ҷорӣ эътибори мутақобил пайдо намуданд. Тибқи муқаррароти онҳо шаҳрвандони тарафҳо ҳангоми ворид гардидан ба қаламрави якдигар ба муҳлати то 30 рӯз аз бақайдгузорӣ дар маҳали будубош озод буда, муҳлати будубоши онҳо аз рӯзи убури сарҳади давлатӣ то 90 рӯзи тақвимӣ муайян карда шудааст. Инчунин 3 феврали соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар ин давлат ба имзо расонида шуд.
Нотиқон ҳамчунин иброз доштанд, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дирӯз, 17 декабр вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия дар ҷаласаи худ масъалаи тасвиби созишномаро миёни Россия ва Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд. Татбиқи ин чорабиниҳо ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мехоҳанд дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳанд, таъмин менамояд ва ба таъмини кор барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои дониш, малака ва ихтисоси мутобиқ ба талаботи корфармоёнанд, дар Федератсияи Россия мусоидат менамояд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ шароити зарурӣ барои таъмини хизматрасониҳои ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин буда, барои омодагии касбӣ, бо кор таъминсозии муташаккилонаи онҳо дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо як зумра барномаҳо амалӣ мешаванд.
Муовини сардори Хадамот Моёншо Маҳмадбеков гуфт, ки «дар системаи Хадамоти муҳоҷират таъсиси даҳ адад муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Ваҳдат, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Турсунзода, Исфара ва ноҳияи Рашт дар назар аст. Айни замон чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар фаъолият менамоянд. Ҳадафи асосии таъсиси чунин марказҳо — ин расонидани ёрии амалӣ тавассути курсҳои машваратию таълимӣ ва кумаки ташкиливу молиявӣ ба муҳоҷирони ватанӣ дар ду марҳилаи муҳоҷирати меҳнатӣ- пеш аз сафар ва баъди бозгашт мебошад».
Бояд хотиррасон намуд, ки пеш аз сафар ба хориҷи мамлакат ҳар як муҳоҷир бояд забони давлати воридшударо дар ҳадди гуфтугӯ донад ва аз қонунҳои он бархӯрдор бошад. Зеро надонистани забони давлати қабулкунанда яке аз душвории асосии кори муҳоҷирони меҳнатии мо маҳсуб мешавад, ки онҳоро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ месозад. Баҳри иттилоотонии бештари аҳолӣ бо масъалаҳои муҳоҷират ва ба мушкилиҳои гуногун дучор нашудани онҳо аз тарафи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пайваста бо муҳоҷирон вохӯрию суҳбатҳо гузаронида мешаванд.
«Аз аввали сол то инҷониб Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор доир ба фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлати Федератсияи Россия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани Патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, расонидани кумакҳои молиявию маънавӣ ба аҳли оила, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бо аҳолӣ 2658 вохӯрӣ ва суҳбатҳо бо ҷалби 190519 нафар гузаронида шуд. Инчунин дар ин мавзӯъҳо 57990 дона буклетҳо омода гардида, 55754 донаи онҳо ба аҳолӣ тақсим карда шуданд. Ҳамчунин Хадамот як миқдор фиттаҳои дорои матни саволу ҷавоби тестҳоро оид ба омӯзиши забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории он сабт намуда, ба сохторҳои зертобеи худ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас намудааст»,-афзуд М.Маҳмадбеков.
Мояи хурсандист, ки имрӯз нақши ҷамъиятҳо ва марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Федератсияи Россия дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ муассиртар мегардад.
Айни замон дар вилояти Твери Федератсияи Россия қариб 18 ҳазор нафар тоҷикон кору зиндагӣ менамоянд. Тоҷикон дар ин вилоят ба ҳайси тоҷир, духтур ва дигар корҳо дар қатори дигар халқиятҳо фаъолияти пурсамар доранд. Яке аз муовинони Губернатори вилояти Твер тоҷик аст, ки сарпарастии соҳа — кор бо ҷамъиятҳоро ба зимма дорад. Ин далели он аст, ки ҳамкории судманд байни ду давлат – Тоҷикистону Россия густариш ёфта, тоҷикон дар Россия мавқеи хосса пайдо менамоянд.
Айни замон 63 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, инчунин 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина, 2 ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, 11 ҷамъият ва маркази фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият доранд. Онҳо ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳал намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»