Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он» анҷом пазируфт

Декабрь 11, 2019 16:50

ДУШАНБЕ, 11.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 декабр дар Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  таҳти унвони «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар он намояндагони сохторҳои марбута, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки оила пояи асосии давлат буда, пешравии ҷомеа аз он вобаста аст. Ҳамин аст, ки мувофиқи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари зиёд шудани теъдоди оилаҳои навбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷудошавии бархе аз оилаҳо низ ба назар мерасад. Маҳз муҳим будани пойдории оила ва нақш гузоштани он дар бунёди ҷомеаи солим ниҳодҳои гуногуни давлатро водор сохтааст, ки оид ба ин масъала ва омилҳои таҳдидкунанда ба пошхӯрии оилаҳо вохӯриву  ҷамъомадҳои судманд доир намуда, дар якҷоягӣ роҳҳои ҳимояи оилаҳои солимро аз ҷудошавӣ баррасӣ намоянд.

Дар конференсияи мазкур, аз ҷумла зикр карда шуд, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пойдории оила дар ҷомеа маҷмӯи тадбирҳо андешида, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳо дар мамлакат санадҳои зиёди меъёриву ҳуқуқӣ, ба монанди Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»–ро ба тасвиб расонидааст. Дар баробари ин эълон намудани соли 2015 ҳамчун «Соли оила» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакатро ба масъалаи оиладорӣ нишон медиҳад.

  Ба гуфтаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода, агарчӣ оила ҳамчун асоси ҷамъият ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад ҳам, аммо на ҳамаи оилаҳо муҳимияти  чунин  дастгирии Ҳукумати мамлакатро дарк мекунанд. Ӯ афзуд: «Мутаассифона, дар муносибатҳои оиладорӣ ба чунин дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ накарда, омилҳои манфии ҳаётии дигар-зӯроварӣ дар оила, нашъамандӣ, вазъи иқтисодӣ, таъсири муҳити зисту калонсолон ва ғайраҳо ба миён меоянд, ки сабаби ҷудошавии оилаҳо гашта, боиси вайрон гардидани муносибатҳои оилавӣ мегарданд».

Муовини раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзоҷалил Одиназода иброз намуд, ки агарчӣ аз як ҷониб вайроншавии оилаҳо расонидани зарар ба ҷомеа ва таъсири манфӣ ба фарзандон гардад, аз ҷониби дигар пошхӯрии оила заминаи ба миён омадан ва зиёд шудани баҳсҳои судӣ, аз  ҷумла бекор кардани ақди никоҳ, рӯёнидани алимент, тақсим намудани моликияти муштарак, маскун намудан, талаб кардани амвол ва ғайраҳо ба  ҳисоб меравад.

Муовини сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Муродзода зимни баррасии мавзӯи мазкур изҳор дошт,  ки «имрӯз дар ҷомеа омилҳои зиёде мавҷуданд, ки ба ҷудошавии оила оварда мерасонанд. Чунончӣ, истеъмол ва фурӯши маводи мухаддир, ки бархе аз шаҳрвандони мамлакат онро  ҳамчун воситаи таъмини  иқтисодии худ истифода мебаранд, на танҳо ҳаёти шаҳрванд, балки ҳаёти аъзои оилаи ӯро низ зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ ҷомеа бояд дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо бо сабаби истеъмоли маводи мухаддир саҳмгузор бошад.

Зимни маърӯза дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он” муовини сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихор Самадзода изҳор дошт, ки  ҷудошавии оила на танҳо барои оилаи пошхӯрда мушкилот эҷод мекунад, балки ин ҳолат ба раванди амалишавии санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо низ монеа мегардад.

Иштирокчиёни ҷавони Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он» изҳор доштанд, ки доир намудани чунин чорабиниҳои маърифативу тарбиявӣ барои онҳо воситаи муҳими шинос шудан бо омилҳои таъсиррасон ба ҷудошавии  оилаҳо ва барпо намудани оилаи солим бо роҳ надодан ба чунин омилҳо ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ду рӯз давом кард. Дар охири ҳамоиш маърӯзаву пешниҳодҳои иштирокчиёни конференсияи мазкур шунида шуданд.

              София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 11, 2019 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд