Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дар Лигаи олӣ зиёд кардани дастаҳо иҷозат дод

Декабрь 19, 2019 09:35

ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ аз 8 то 10 адад зиёд кардани дастаҳоро дар Лигаи олӣ иҷозат дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ба 7 дастаи Лигаи олӣ се дастаи Лигаи якум ҳамроҳ мешаванд. Дастаи  «Панҷшер», ки дар мавсими имсола ҷои охирро ишғол кард, ба Лигаи якум гузашта, чор дастаи дигар: «Локомотив-Помир», «Файзканд», «Душанбе-83» ва «Парвоз» имкони дар Лигаи олӣ бозӣ кардан доранд. Вале танҳо  3 дастае роҳхат мегиранд, ки шарту шароити литсензионии Лигаи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиёро иҷро мекунанд.

Чемпионати Тоҷикистон дар мавсими 2020 охири моҳи март шурӯъ шуда, дар се марҳила доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад.

Бино ба қарори қабулнамудаи  Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими соли ояндаи Лигаи олӣ дастаҳое, ки ҷойҳои нуҳум ва даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба Лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи Лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ҳаққи иштирок дар Лигаи олиро дар мавсими соли 2021 пайдо мекунанд.

Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки аз тарафи аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон лоиҳаи Маркази техникии Федератсияи футболи мамлакат, ки сохтмонаш соли оянда шурӯъ мегардад, тасдиқ гардид.

Ба иттилои ноиби аввали президенти федератсия Хуршед Мирзо, Маркази техникии дастаҳои мунтахаби мамлакат дар минтақаи Варзоб ҳамчун пойгоҳи тамринӣ барои дастаҳои мунтахаби ҳамаи синну соли ҷумҳурӣ сохта мешавад. Марказ дорои меҳмонхона, маркази тиббӣ-тавонбахшӣ, майдонҳо барои тамрин ва толорҳо  хоҳад буд.

Декабрь 19, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт