Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» таваҷҷуҳи хонандагонро ба мутолиаи китоб бештар мегардонад
ХОРУҒ, 07.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии “Мактаби президентии шаҳри Хоруғ” дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» маҳфили навбатӣ баргузор гардид. Ин лоиҳа дар асоси қарордоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии Амрико роҳандозӣ шуда, ҳадафи он ба сатҳи баланд бардоштани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ мебошад.
Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» яке аз лоиҳаҳои муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мутобиқи ин лоиҳа омӯзгорону хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо маводи босифати хониш ва мувофиқ ба синн ва суннату фарҳанг таҳияшуда таъмин гардида, барои шинос намудани омӯзгорон бо усулҳои нави таълим давраҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов китобхониро як рукни муҳими таълим шумурда, изҳор дошт, ки баъди лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» воқеан таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб бештар гардидааст. Ба даст овардани пирӯзиҳои назаррас дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ як навъ афзоиши таваҷҷуҳи хонандагонро ба китоб нишон медиҳад. Ҳадафи ниҳоии лоиҳа он аст, ки хонандагон аз даврони кӯдакӣ ба китобхонӣ меҳру муҳаббат пайдо кунанд ва аз ҳама муҳим, мафҳуму моҳияти асарро дарк намоянд. Дар ин кор нақши волидайн низ басо муассир буда, бе кумаку дастгирии онҳо татбиқи лоиҳа ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ муассисаҳои таълимӣ бояд кӯшиш намоянд, ки робитаи худро бо оила қавӣ гардонанд.
Директори Мактаби президентии шаҳри Хоруғ Шодигул Қонунзода изҳор медорад, ки китоб тахайюлоти бадеии хонандагонро равнақ медиҳад, барои баргузор кардани барномаҳои фароғатию зеҳнӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ имконияти васеъ фароҳам меорад. Барномаи адабӣ-мусиқие, ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ мустақилона таҳия ва зимни маҳфил манзури ҳозирин гардонданд, аз ин шаҳодат медиҳад. Барнома хеле пурмуҳтаво ва шавқовару рангин буд.
Муҳлати лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» барои панҷ сол пешбинӣ шуда, барои зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, муаррифии усулҳои муосири таълим ва тавсеаи ҳарчи бештари ҳамкорӣ байни мактаб ва оила нигаронида шудааст.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






