Манъи пӯшидани либоси арабӣ дар бузургтарин донишгоҳи Сурия

Декабрь 10, 2019 16:55

ДУШАНБЕ, 10.12.2019/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд донишҷӯёни донишгоҳи бузургтарини Димишқ наметавонанд бо либоси арабӣ вориди донишгоҳ шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Sham FM.

Ба иттилои манбаъ, тасмими мазкур аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ ва ректори он гирифта шуд. Ҳамзамон пӯшидани либоси варзишӣ ва шалвари кӯтоҳ низ барои донишҷӯён манъ карда шуд.

Гуфта мешавад, дарбонҳои ин боргоҳ аллакай муваззаф карда шуданд, ки аз вуруди нафароне, ки либосҳои манънамударо ба бар доранд, ҷилавгирӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки ниқоб дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ хеле маъмул аст, аммо дар Ислом бар хилофи ҳиҷоб пӯшидани ниқоб шарт нест.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар кӯдакистонҳо ва макотиби Олмон пӯшидани ҳиҷобро то андозае маҳдуд намуданд.

Роҳбари Иттифоқи масеҳии демократӣ Аннегрет Крамп- Карренбауэр ба пӯшидани ҳиҷоб барои духтарони мактабхон ва кӯдакистонҳо мухолифат карда, дархост намудаст, ки дар бар кардани он дар ин муассисаҳо манъ карда шавад,

«Пӯшидани ҳиҷоб кӯдакони хурдсолро ҳам дар макотиби ибтидоӣ ва ҳам дар кӯдакистонҳо ба бегона табдил медиҳад. Мо мехоҳем ба ҳар ҳол инро пешгирӣ кунем», — афзудаст роҳбари ИМД.

Ба боварии Крамп- Карренбауэр, пӯшидани ҳиҷоб дар ин синну сол нишонаи диндорӣ нест, балки талаботи волидони кӯдакон мебошад.

Гузашта аз ин, вай бовар дорад, ки  рӯмол ба муоширати кӯдакони мусалмон ва масеҳӣ халал мерасонад, зеро кӯдакони ҳиҷобпӯш ҳамчун «бегона» қабул карда мешаванд.

                              ДАР АКС: машғулият дар Донишгоҳи Димишқ (Сурия)

Декабрь 10, 2019 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»