Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳоро дар асоси тарҳи нав доир менамояд

Декабрь 13, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 9 то 20  декабр  Маркази миллии тестии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбиро дар асоси  тарҳи нави  имтиҳон ба роҳ мемонад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  озмоиши мазкур дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ  бо таъсиси 54 маркази имтиҳонии дорои 827 синфхонаи имтиҳонӣ ва фарогирии 10541 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, шумораи хонандагони дар имтиҳони озмоишӣ ширкаткунанда тибқи гурӯҳи ихтисосҳо дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ чунин муқаррар шудааст:

— гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 1451 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 1943 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 2030 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 1491 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 3626 нафар хатмкунанда.

Ҳадаф аз баргузории озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави имтиҳон, таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста аз фанҳои имтиҳонӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки коркарди натиҷаи имтиҳонҳои озмоишӣ (тестҳои озмоишшавандагон) ба таври худкор анҷом дода шуда, маълумот дар бораи он ба иштирокдорон пешниҳод карда мешавад.

Декабрь 13, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад