Паём — дастури амал ва чароғи раҳнамо. Ва ё таассуроти кормандони вазорату муассисаҳои давлатӣ аз тамошои он

Декабрь 26, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 26.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум  Паёми навбатии худро  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа намуданд.

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар ин замина оид ба  пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Паёми Пешвои миллатро, ки тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, аз ҷумла тариқи Радиои «Ховар FM»  мустақиман пахш гардид, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои мамлакат дастаҷаъмона тамошо намуданд.

Аз ҷумла, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Агентӣ Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона тамошо карданд.

«Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад»,- омадааст дар иттилоияи маркази матбуоти Агентӣ.

Манбаъ меафзояд, ки таваҷҷуҳи кулли мардуми мамлакат ба Паёми Пешвои миллат нишони дастгирии сокинон ба тасмимҳои шоиставу саривақтии роҳбарияти олии давлат аст.

Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолиятҳои бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.

-Мо бояд, — гуфта мешавад дар идомаи иттилоияи Агентӣ, аз фазои осудаи мамлакат, ваҳдати саросарии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ шукргузорӣ намуда, барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав беғаразона фаъолият намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, саҳмгузор бошем, зеро   Паёми Пешвои миллат барои мо дастури амал асту чароғи раҳнамо.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамошои дастаҷаъмонаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ чунин хабар додааст:

— Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъӣ чун дигар кормандони вазорату муассисаҳои давлатӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шунида, аз он таассуроти амиқ бардоштанд.

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти ҳамаи соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бояд  тазаккур дод, ки дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нав ба Парлумони  мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи худ Паём ироа намудани Сарвари давлат яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Ироа шудани Паём аз тарафи Сарвари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст.

Яъне Паём суханони самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар айни замон дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.

Декабрь 26, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАКОРӢ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд
ҚОНУНИ ТАНЗИМ — НАМУНА БАРОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА. Дар давраи амали ин қонуни миллӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст
Пешвои миллат: «Ба ҷойи ҳаҷҷу умраи такрорӣ анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад»
Президенти Тоҷикистон: «Шахсоне, ки имконияти молиявӣ надоранд, набояд ба хотири савоб аз дигарон қарз гирифта, қурбонӣ кунанд»
Аз ифлосшавии ҳавои атмосферӣ эҳтиёт намоед! Аз 6 то 9 июн дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Оростани дастурхони пурдабдаба ва меҳмондории зоҳирпарастонаву намоишкоронаро дини мубини ислом, шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ маҳкум мекунад»
ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ ОРЗУҲОИ ҶАВОНӢ. Дар Душанбе моҳвораи ҷавонон ҷамъбаст гардид
Вобаста ба омилҳои рушди сармояи инсонӣ дар Душанбе конфронс доир гардид
110 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Агентии обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоти зарурии техникӣ таъмин мегардад
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»