«САРВАРӢ МЕОМӮЗЕМ!». Ба бонувони фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сертификатҳои курси омӯзишӣ супорида шуданд

Декабрь 28, 2019 13:42

ДУШАНБЕ, 28.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз зимни маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 25 нафар фаъолбонувони ноҳия, ки курси омӯзишии «Сарварӣ меомӯзем!»-ро бо сарбаландӣ хатм намуданд, сертификат тақдим карда шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Насимҷон Расулзода, раиси ноҳия Самӣ Шариф, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гулнора Бобоева, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Сайдалӣ Шамсов, аъзои Раёсат, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, намояндаи ВАО иштирок доштанд.

Дар маҷлис масъалаҳои таҳия ва тасдиқи нақшаи фаъолият вобаста ба роҳандозии тарғибу ташвиқи Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XIII ҲХДТ, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ дар давраи интихоботии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ барои соли 2020 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Н. Расулзода зимни суханронии хеш тазаккур дод, ки соли ҷорӣ аз таъсиси ҲХДТ, ки маром ва ҳадафи асосии он танҳо хизмат ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, бисту панҷ сол сипарӣ мешавад.

«КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ ва мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати сарбаландона ворид гардидан ба маъракаҳои муҳимӣ сиёсӣ, аз қабили интихоботҳои вакилони парлумону вакилони маҳаллӣ ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ, омода намудани маълумотномаи сиёсии (ё ин ки харитаи сиёсии) ҳавзаҳои интихоботӣ, иштироки фаъолон аз гурӯҳи таблиғотӣ дар Анҷумани XIII ҲХДТ, ҳисоботи вакилон оид ба иҷрои Барномаи пешазинтихоботии вакилон баргузории семинари омӯзишии вакилонро, ки мусоидаткунанда ба масъалаҳои таблиғотӣ мебошад, ба роҳ монд», — иттилоъ дод Н. Расулзода.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳиявӣ корҳои зиёдеро бо роҳи баргузории чорабиниҳо дар соҳаи маорифу тандурустӣ, ки соҳаҳои муҳими таълиму тарбия ва касбомӯзии мамлакат ба ҳисоб мераванд, ба анҷом расонид. Инҳо, аз ҷумла баргузории озмунҳои гуногун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ миёни донишҷӯён баҳри солимгардонӣ, бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб баргузории вохӯриҳо дар муассисаҳои давлатӣ, аз қабили пешгирии бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар корҳои муфид дар ин самтҳо мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроия аксияро таҳти унвони «Мактаб-даргоҳи маърифат» оид ба таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ ба фарорасии Соли нави хониш дар Муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи И. Сомонӣ доир намуд. Дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроия корҳои созандагиву ободонӣ, таъмиру рангу бор гузаронида шуд, ки ошёнаи якуми муассиса таъмир карда шуда, барои қабули хонандагон барои соли хониши 2019-2020 омода карда шуд.

Кумитаи иҷроияи ҳизб ҳамеша ҷонибдори таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа буда, дар оянда низ доир ба беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, махсусан барои гурӯҳҳои камбизоат ва ниёзманд кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Кумитаи иҷроияи ҳизб нисбат ба ҷавонон як силсила тадбирҳои муосирро, аз қабили ҷалб дар мактаби сиёсии Раиси ҳизб, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина расидан ба зинаҳои роҳбарикунанда амалӣ намуда, дар оянда низ кӯшиш менамояд дар якҷоягӣ бо кумитаву ташкилотҳои пешсаф ҷалби бештари ҷавонони лаёқатмандро ба соҳаҳои муҳим ба роҳ монад.

Дар замони афзоиши хатару таҳдидҳои муосир, халалдор гардидани тавозуни геополитикӣ, инчунин бо назардошти равандҳои нави ҳамгироии минтақавӣ масъулияти сиёсии масъулони ҲХДТ-ро дар миёни кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати таъмини амнияти миллии мамлакат ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат меафзояд.

Машварати кории Кумитаи иҷроия бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии ноҳия баргузор карда шуд. Мақсади баргузории Машварати корӣ бо вакилон- ин дарёфти роҳҳои муосирии корбарӣ бо интихобкунандагон, ҳалли бештари мушкилотҳои ҷойдоштаи маҳал бо ҷалби соҳибкорони дохиливу маҳаллӣ, вусъат бахшидани ҳамкории вакилон бо ҳизб дар ҷодаи амалӣ намудани бандҳои Барномаи пешазинтиботии вакилон, ворид гардидани ба маъракаҳои муҳимӣ сиёсӣ ва татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бахтовар Сафарзода низ доир ба нуктаҳои Паёми ироагардидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар бар мегиранд, мухтасар бо роҳнамоии муфид маърӯза намуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҲХДТ минбаъд низ таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» баҳри пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам фаъолтар сохтани нақши ҳизб дар беҳтаршавии сатҳи некуаҳволии мардум неру ва қувваи худро равона хоҳад намуд.

Декабрь 28, 2019 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд