Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» ба Бунёд Раҳнамо тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 14.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза ҷамъбаст гардид. Ғолиби Шоҳҷоиза бо гирифтани 253, 5 хол хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда, ба ӯ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур, волидайни иштирокдорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Чорабиниро Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки ҳақиқатан мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд».
Мавсуф иброз дошт, ки «ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Озмун аз ноҳияҳо оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо муаррифӣ мегарданд».
Сипас аз ҷониби Раиси комиссияи Озмун ғолибони чор номинатсия муаррифӣ гардиданд:
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Имрониддинов Сарфарозиддин.
Ҷойи дуюм — 25000 сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек.
Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова.
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова.
Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода .
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:
Ҷойи якум -25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо.
Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ ба Зебонисои Азизиён.
Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ ба Бинямони Илҳом.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева.
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова.
Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева.
Азизмоҳ Панҷшанбезода аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои маҳорату дониши хуб доштан, аз ҷониби ҳакамон барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф пешниҳод гардид.
Ҳамчунин чанд нафар ятимони кулл ва хурдсолоне, ки дар озмуни мазкур дониши баланд доштанд, аз ҷониби Вазорати маориф бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд:
Инҳо Озодаи Саид, Ҷуррахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Ҳумайнӣ Кароматуллоҳ, Аҷикуллоҳ Ҳусейнов ва Сайрам Файзова мебошанд.
Гирандаи Шоҳҷоиза хонандаи синфи 10 Муассисаи таълимии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуд. Вай зимни суҳбат иброз дошт, ки «ман дар даври шаҳрӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардидам. Аз рӯйи чор номинатсия низ иштирок намудам. Талаботи доварон дар ин давр хеле ҷиддӣ гардидааст. Ин ғолибияте, ки имрӯз ба даст овардам, ташаббукори он Пешвои миллат мебошанд ва бо ташкил намудани ин озмун тавонистанд шавқ ва рағбати насли имрӯзаро ба китобхонӣ бештар намоянд».
Инчунин ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, аз иштирокчиён маҳорати баланд талаб намуд.
Бояд гуфт, ки имсол ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амр ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа озмунҳоии ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ба ин озмун беҳтарин китобхонҳову чароғҳои рӯшан ва нури фурӯғи субҳи доноии тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа ҷалб гардиданд.
Тавре зимни суҳбат узви ҳакамон дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори классикӣ», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло иброз дошт, «китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи мардуми ориёнажод, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад. Агар ба таърихи тамаддуни ин мардум бо дидаи таҳқиқ назар афканем, мебинем, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ, новобаста аз вазъияти сиёсию иҷтимоӣ мардуми тоҷик ба китобдорию китобхонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд. Маҳз чунин муносибат ба китоб буд, ки таълифи китобҳо дар ҳар давраи таърихӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст».
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» бори дигар нишон дод, ки ҳанӯз ҳам ин миллати фарҳангӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбат ба китобу илму адаб арҷу эҳтиром мегузорад.
Ҳадафи асосии Пешвои миллат аз эълони чунин озмун он аст, ки китобхонию китобнависӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар ривоҷ ёбад ва сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри сухану эҷодгарони сухан расидани аҳли ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад.
Ҷанбаи дигари иқдоми Сарвари давлат аз баргузор намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» рушди зеҳнии ҷавонону наврасон, тарбияи одобу ахлоқи ҳамида, такмили суханварию сухандонии мардум ва аз нозукиҳою ғановати забони модарии хеш огоҳ гардидани мардуми мамлакат мебошад. Дар баробари ин, барои он ки сатҳи ҷаҳонбинии фарҳангии аҳли мутолиа ва огоҳии онҳо аз адабиёти хориҷӣ муйян гардад, дар шартҳои озмун донистани адабиёти бадеии мамлакатҳои хориҷӣ низ ҷой дода шудааст, ки ин барои боз ҳам бештар тавсеа ёфтани афкори адабии мардуми мо дар самти шинохти адабиёти ҷаҳонӣ мусоидат карда метавонад.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими тантанавии ба ғолибон супоридани мукофотпулӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар назар аст, ки зимни он барномаи консертии бошукӯҳ доир шавад.