Дар арафаи Соли нав дар Сирки давлатии Тоҷикистон шоу-барномаи шавқовари «Муш ва гурба» манзури хурдтаракон мегардад

Декабрь 23, 2019 13:33

ДУШАНБЕ, 23.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон аз рӯи ҳикояи «Муш ва гурба»-и Убайди Зоконӣ шоу-барномаи шавқовару ҷолиб аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе омода мегардад. Он рӯзҳои 28-29-30 декабр манзури хурдтаракону наврасони пойтахт  гардонида мешавад. Аҳли эҷоди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе тибқи қарори марбутаи Раиси шаҳр барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани Соли нави мелодии 2020 тайёрии хуб дида истодаанд. Дар ин бора аз Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин шаби 31 декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт  бо иштироки беҳтарин овозхонону гурӯҳҳои рақсии шинохта аз тамоми ҷумҳурӣ барномаи ҳунарӣ намоиш дода мешавад. Дар баробари ин ҳамон шаб дар чор нуқтаи шаҳри Душанбе, ба шумули Майдони 800-солагии Москва, Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон ва майдони фарҳангиву фароғатии хиёбони Сино, назди Прокуратураи генералӣ шоу-барномаҳои ҷолибу диданӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи мамлакат дар назар аст.

Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун воҳиди сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳангро дар шаҳри Душанбе таъмину амалӣ менамояд. Раёсат фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳанги миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона намуда, баҳри иҷрои барномаву нақшаҳои марбутаи соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ меандешад.

Мавриди зикр аст, ки фазои фарҳангии шаҳри Душанберо имрӯз зиёда аз 90 муассисаҳои фарҳангиву фароғатии сатҳи ҷумҳуриявиву шаҳрӣ, ки миёни онҳо  театрҳо, клубҳо, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, таълимгоҳҳои ҳунарӣ, марказҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо мавҷуданд, ташкил медиҳанд.

Сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоев иброз намуд, ки дар баробари пешравиву дастовардҳои театрҳо Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт дар баланд бардоштани маънавиёти сокинони ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин рӯ, тибқи “Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии шаҳри  Душанбе барои солҳои 2018-2020” толори китобҳои электронӣ дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ боз гардид.

Ногуфта намонад, ки дар шашмоҳаи дуюми соли сипаригашта Мактаби бачагонаи рассомии шаҳр дар доираи барномаҳои 30- солагии таҷлили Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак озмунеро дар ду бахш- “Шаҳри орзуҳои ман” ва “Ман ва ҳуқуқҳои ман” гузаронид. Ба озмун наврасон аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат расму мусаввараҳо пешниҳод намуда буданд. Аз 561 расми пешниҳодшуда 18-тои он ғолиб дониста шуд. Ҷамъбасти озмун дар толори тобистонаи Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М. Миршакар доир гардида, ғолибон бо “Диплом” “Сипоснома”-ҳо ва ҷоизаҳои Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва намояндагии Хазинаи байналмилалии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд,-афзуд Нуралӣ Шоев

Дар нақша аст, ки Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи давлатии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои тобеи он минбаъд низ фаъолияти хешро бобати татбиқи сиёсати фарҳангии давлат ва ҳукумати мамлакат дар пойтахт, тақвияти сатҳи маънавии ҷомеа ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ равона хоҳанд кард.

Декабрь 23, 2019 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд
Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дуюмин Ассамблеяи умумии Эътилофи мероси Осиё баргузор гардид
Филми «Моҳӣ дар шаст» дар синамоҷашнвораи «Парвонаи алмосӣ» ба сегонаи беҳтаринҳо роҳ ёфт
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз довталабони озмун барои «Шоҳҷоиза» рақобат менамоянд
Дар намоишгоҳи байналмилалии Пекин нигораҳои нодири Тоҷикистонро беш аз 1 миллион нафар тамошо намуданд
Довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо адибон вохӯрӣ намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони меҳнати ноҳияи Кӯшониён тақдим карда шуд
Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд