Сорбон Латипов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Сорбон Латипов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 30 ноябр то 1 декабр дар шаҳри Нурсултон доир гардида, дар он 150 нафар варзишгар аз 13 давлат иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгар: Сорбон Латипов (вазни — 62кг) дар самбои варзишӣ, Акмал Давлатов (62кг), Муҳаммад Гуреззода (68кг) ва Шаҳром Шералиев (82кг) дар самбои размӣ муаррифӣ намуданд. Танҳо ба Сорбон Латифов муяссар шуд, ки соҳиби ҷоиза гардад.
Ёдовар мешавем, ки Сорбон Латифов аввали моҳи ноябр дар Чемпионати ҷаҳон дар Корея дар самбои размӣ медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






