Тақдими китобҳои бачагона ба Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб

Декабрь 6, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Фарҳанг на танҳо ғизои маънавӣ мебахшад, балки бемориҳоро низ табобат мекунад» — таҳти ин унвон  4 декабр дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълимгирандагони Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб 1500 адад китобҳои гуногуни бачагона тақдим гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни супоридани китобҳо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода ширкат доштанд.

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иброз дошт, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» имрӯзҳо мамлакатамонро пуршукӯҳтар гардонида,  ба муҳити адабӣ табдил додааст. Ин ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад, зеро рӯз то рӯз таваҷҷуҳ ба китоб ва адабиёт бештар мешавад. Мо китобҳои мазкурро ба китобхонаи махсуси муассиса месупорем, то шумо тарбиятгирандагони азиз, аз шеъру ҳикояҳои шавқовар ва тасвирҳои зебои он баҳра баред».

Китобҳои тақдимгардида аз «Афсонаҳои халқии тоҷик», «Мактаби кӯҳна», «Аҳмади девбанд», афсонаҳои халқҳои гуногун, осори адибони бачагона, осори адибони классикӣ ва дигар адабиёти ба синни кӯдакон муносиб иборат буданд.

Сипас тарбиятгирандагони муассиса барномаи ҳунарии худро манзури ҳамагон гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб 30 нафар кӯдакони синни томактабӣ ва баъзан тибқи эҳтиёҷи вазъи саломатӣ то 10-сола, ки аз тамоми ҷумҳурӣ мебошанд, дар машғулиятҳои тавонбахшӣ иштирок менамоянд. Баъди гирифтани маълумотномаи муассиса онҳо таҳсилро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз менамоянд.

Декабрь 6, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд